https://sputnik.tj/20221018/tojikiston-jahon-silohh-besarnishin-1052235254.html
"Мо танҳо наметавонем": Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ силоҳҳои замонавӣ ва бесарнишин хост
"Мо танҳо наметавонем": Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ силоҳҳои замонавӣ ва бесарнишин хост
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки таъмини амнияти кишварҳои минтақа ва берун аз он танҳо дар заминаи ҳавмкориҳои муштарак даст хоҳад дод.
2022-10-18T21:00+0500
2022-10-18T21:00+0500
2022-10-18T21:00+0500
дар тоҷикистон
марз
афғонистон
кӯмак
марзбонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044765305_0:0:2300:1295_1920x0_80_0_0_3a11b6affe6f63ee48cde4633be0d3a5.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тоҷикистон ба танҳоӣ қодир ба ҳалли мушкилоти марзӣ бо афғонистон нест.Дар ин бора муовини аввали фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон Раҷабзода Насимҷон дар ҳамоиши мубориза алайҳи терроризм, ки дар Душанбе изҳор дошт.Ӯ гуфт, ки кишвар сар аз соли 2013 то кунун барои тақвияти марзҳояш бо Афғонистон ҳудуди 77 миллион доллар дар шакси мошину таҷҳизот кумак аз ташкилоту кишварҳои донор дарёфт кардааст.Аммо ба гуфтаи Раҷабзода ин кумакҳо кофи нестанд ва барои тақвияти бештари марз ёриҳои иловагӣ зарур аст.Мавсуф аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳо дархост кард, ки ба кишвар силоҳу таҷҳизоти замонавӣ ва ҳамчунин ҳавопаймоҳои бесарнишин барои назорати манотиқи дур ва дастнораси куҳӣ хост.Ин афсари марзбонӣ гуфт, баъзе минтақаҳои кӯҳии ҳаммарзи Афғонистонро бидуни ин таҷҳизот назорат кардан ғайриимкон аст.Таъмини амнияти кишварҳои минтақа ва берун аз он танҳо дар заминаи ҳавмкориҳои муштарак даст хоҳад дод.Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон ва дабири кулли СААД, Станислав Зас низ дар ҳамоиши мазкур мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳад миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро зарур шумурданд.Тоҷикистон аз аввалин кишвари минтақа аст, ки бо Афғонистон беш аз 1300 киллометр марзи муштарак дорад.
https://sputnik.tj/20221018/hushdor-rahmon-niyat-doish-tojikiston-1052227327.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044765305_131:0:2143:1509_1920x0_80_0_0_2b0b3da0b3c5baf052ea1c3e1f29b8b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ҷаҳон силоҳ бесарнишин марз
тоҷикистон ҷаҳон силоҳ бесарнишин марз
"Мо танҳо наметавонем": Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ силоҳҳои замонавӣ ва бесарнишин хост
Хадамоти марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки таъмини амнияти кишварҳои минтақа ва берун аз он танҳо дар заминаи ҳавмкориҳои муштарак даст хоҳад дод.
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тоҷикистон ба танҳоӣ қодир ба ҳалли мушкилоти марзӣ бо афғонистон нест.
Дар ин бора муовини аввали фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон Раҷабзода Насимҷон дар ҳамоиши мубориза алайҳи терроризм, ки дар Душанбе изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки кишвар сар аз соли 2013 то кунун барои тақвияти марзҳояш бо Афғонистон ҳудуди 77 миллион доллар дар шакси мошину таҷҳизот кумак аз ташкилоту кишварҳои донор дарёфт кардааст.
Аммо ба гуфтаи Раҷабзода ин кумакҳо кофи нестанд ва барои тақвияти бештари марз ёриҳои иловагӣ зарур аст.
"Бояд иқрор шушд, ки новобаста аз талошҳои зиёди ҳукумати Тоҷикистон ва ҷудо кардани маблағи зиёд дар ин самт, ҳастанд баъзе мушкилоте, ки бидуни кумаки хориҷӣ ҳал карда намешавад", - афзуд ӯ.
Мавсуф аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳо дархост кард, ки ба кишвар силоҳу таҷҳизоти замонавӣ ва ҳамчунин ҳавопаймоҳои бесарнишин барои назорати манотиқи дур ва дастнораси куҳӣ хост.
Ин афсари марзбонӣ гуфт, баъзе минтақаҳои кӯҳии ҳаммарзи Афғонистонро бидуни ин таҷҳизот назорат кардан ғайриимкон аст.
Таъмини амнияти кишварҳои минтақа ва берун аз он танҳо дар заминаи ҳавмкориҳои муштарак даст хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон ва дабири кулли СААД, Станислав Зас низ дар ҳамоиши мазкур мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳад миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро зарур шумурданд.
Тоҷикистон аз аввалин кишвари минтақа аст, ки бо Афғонистон беш аз 1300 киллометр марзи муштарак дорад.