https://sputnik.tj/20221019/qoidavayronkuni-istifodai-nerui-barq-kulob-1052245785.html
Ошкоршавии беш аз ҳазор ҳолати қоидавайронкунӣ дар истифодаи нерӯи барқ дар Кӯлоб
Ошкоршавии беш аз ҳазор ҳолати қоидавайронкунӣ дар истифодаи нерӯи барқ дар Кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
Назоратчиёни шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб дар нуҳ моҳи соли равон 1067 санади қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ тартиб додаанд
2022-10-19T09:00+0500
2022-10-19T09:00+0500
2022-10-19T09:00+0500
дар тоҷикистон
кӯлоб
барқ
энергетика
энержӣ
истифода
барқрасонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102731/43/1027314307_0:37:3010:1730_1920x0_80_0_0_8ee25837aae391bb47e2728faf812840.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ дар шаҳри Кӯлоб тайи 9 моҳи соли ҷорӣ наздики 32 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 3 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз қавли Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, қабули неруи барқ дар 9 моҳи соли равон 254,62 млн кВт буда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 11,1 миллион кВт зиёд мебошад.Дар ҳамин ҳол, талафоти неруи барқ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 3,4% кам гардида, айни замон 37%-ро ташкил медиҳад.Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб қайд кардааст, ки дар нуҳмоҳаи соли равон 160 симчӯби фарсуда бо симчӯбҳои нав иваз гардиданд.Ҳамзамон беш аз 30 трансформатори қуввагии 6 – 10/0,4 кВ бо қувваи худӣ аз таъмир бароварда шуда, барои гузарондани фасли сармо омодааст.Масъулини ин ширкат иттилоъ доданд, ки бо мақсади кам кардани талафоти неруи барқ ва бо барқи хушсифат таъмин намудани сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб дар 7 деҳаи шаҳр, трансформаторҳои иловагӣ насб намуданд.Ин ниҳоди барқрасон иттилоъ додааст, ки шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ба зимистонгузаронӣ пурра омода буда, лавозимоти зарурӣ дар анбори муассиса захира гардидаанд.
https://sputnik.tj/20220829/qala-qadima-kulob-barqaror-1050996552.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102731/43/1027314307_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_98c1103f3b9881104ce5e216722c8e8e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯлоб, қоидавайронкунӣ, истифода, нерӯи барқ,
тоҷикистон, кӯлоб, қоидавайронкунӣ, истифода, нерӯи барқ,
Ошкоршавии беш аз ҳазор ҳолати қоидавайронкунӣ дар истифодаи нерӯи барқ дар Кӯлоб
Назоратчиёни шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб дар нуҳ моҳи соли равон 1067 санади қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ тартиб додаанд
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ дар шаҳри Кӯлоб тайи 9 моҳи соли ҷорӣ наздики 32 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 3 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз қавли Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, қабули неруи барқ дар 9 моҳи соли равон 254,62 млн кВт буда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 11,1 миллион кВт зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол, талафоти неруи барқ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 3,4% кам гардида, айни замон 37%-ро ташкил медиҳад.
“То кунун аз тарафи назоратчиёни шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб 1067 санади қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ тартиб дода шуда, маблағи он 924 ҳазору 315 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 451 ҳазору 119 сомониаш рӯйёнда шудааст”, – таъкид кардааст манбаъ.
Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб қайд кардааст, ки дар нуҳмоҳаи соли равон 160 симчӯби фарсуда бо симчӯбҳои нав иваз гардиданд.
Ҳамзамон беш аз 30 трансформатори қуввагии 6 – 10/0,4 кВ бо қувваи худӣ аз таъмир бароварда шуда, барои гузарондани фасли сармо омодааст.
Масъулини ин ширкат иттилоъ доданд, ки бо мақсади кам кардани талафоти неруи барқ ва бо барқи хушсифат таъмин намудани сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб дар 7 деҳаи шаҳр, трансформаторҳои иловагӣ насб намуданд.
Ин ниҳоди барқрасон иттилоъ додааст, ки шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ба зимистонгузаронӣ пурра омода буда, лавозимоти зарурӣ дар анбори муассиса захира гардидаанд.