Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Эълони ҳолати ҳарбӣ дар 4 субъекти нави Русия

© POOL / Гузариш ба медиабонкVI Саммит Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии
VI Саммит Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар чаҳор субъекти нави кишвар ҳолати ҳарбӣ эълон карда, дар музофотҳо ташкили ҳудудҳои мудофиавиро муҳим арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин эълон кард, ки ҳолати ҳарбӣ дар ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск ва вилоятҳои Херсону Запроже бар асоси қавонин ФР роҳандозӣ мегарданд.
"Хотиррасон мекунам, ки қаблан дар ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва вилоёти Херсону Запороже ҳолати ҳарбӣ буд. Аммо баъди пайвастан ба Русия он бояд бар асоси қонунгузории кишвар роҳандозӣ шавад", - гуфт Путин.
Фармони Путин дар ин бора фавран барои тасдиқ ба Шӯрои Федератсия фиристода шуда, ҳолати ҳарбӣ аз ними шаб мавриди амал қарор мегирад.
Раисҷумҳури Русия зикр намуд, ки режими Киев эътирофи интихоби сокинони ин минтақаҳоро рад карда, бо истифода аз шеваҳои террористӣ онро мавриди зарба қарор медиҳад.
Выступление Путина в Совбезе по миграционным вопросам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Путин дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия дар мавриди муҳоҷирон - видео
Қаблан дар Русия қонунҳои конститутсионии федералӣ ба тасвиб расиданд, ки бар асоси он ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск ва вилоёти Херсону Запороже расман ба ФР пайвастанд.
Бар асоси асноди тасвибшуда, субъектҳои нав номашонро зимни пайвастшавӣ ба Русия ҳифз карда, созишномаҳо аз рӯзи имзояш мавриди амал қарор мегирад. Дар ҳамаи 4 субъекти нав то 1 январи соли 2026 марҳилаи гузариш ҷараён хоҳад дошт.
Воҳиди пулӣ рубл муқаррар шуда, то охири соли равон гардиши гривнаи украинӣ низ иҷозат дода мешавад.
Забони русӣ дар ин қаламравҳо давлатӣ эълон шуда, таъкид гардидаст, ки барои омӯзиши забонҳои дигари модарӣ тамоми шароит фароҳам мешавад.
Путин зимни имзои ин созишномаҳо дар Кремл гуфт, барои ин иқдом миллионҳо нафар овози худро доданд ва ин ҳаққи онҳост, чун ҳаққи баробарию соҳибихтиёрии халқҳо дар Оинномаи СММ сабт гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0