https://sputnik.tj/20221019/nobudsozi-jangju-musodira-amaliyot-marz-afghoniston-1052250706.html
Нобудсозии 127 ҷангҷӯю мусодираи 11 тон нашъа: Натиҷаи амалиёт дар марз бо Афғонистон
Нобудсозии 127 ҷангҷӯю мусодираи 11 тон нашъа: Натиҷаи амалиёт дар марз бо Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон натиҷаи садҳо амалиёташон дар марз бо Афғонистон тайи 10 соли охирро эълон намуд
2022-10-19T14:00+0500
2022-10-19T14:00+0500
2022-10-19T14:00+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
амалиёт
нобудсозӣ
марзбон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040931363_0:161:3068:1887_1920x0_80_0_0_f86ba60dff33816946b0b8a993ccf115.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон 640 амалиёти вижа анҷом доданд. Дар ин бора муовини аввали фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, Раҷабзода Насимҷон зимни ҳамоиши конфронси зиддитеррористӣ дар Душанбе иттилоъ дод. Ӯ аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ҳудуди 5 кӯшиши қочоқи аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ пешгирӣ карда шуд. Таъкид шуд, ки дар давоми 10 соли охир воҳидҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ️зиёда аз 11,5 ҳазор кг маводи мухаддир, 316 силоҳи оташфишон, 15 ҳазор лавозимоти ҷангӣ, зиёда аз 300 кг маводи тарканда мусодира гардидаст. Раҷабзода ҳамчунин афзудааст, ки тайи ин муддат 220 маротиба марзбонон бо гурӯҳҳои мусаллаҳи террористон задухӯрд карданд, ки дар натиҷа 127 ҷангҷӯ нобуд карда шуда, 216 сарҳадшикан дастгир гардиданд. Ин гузоришҳо дар ҳолеянд, ки бахши истихборотии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон вазъият дар музофотҳои шимолу шарқи Афғонистонро мураккаб хонда, афзуд, ки он дар оянда боз шиддати бештар хоҳад гирифт.Ноиби фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар умури ихтиборот, Кишваршо Хушвахт гуфт, созмонҳои террористӣ дар Афғонистон фаъол шуда, феълан ҳудуди 40 пойгоҳу урдугоҳҳои гуруҳҳои террористӣ дар ин кишвар фаъолият дорад.Вай зарурати таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистонро таъкид намуда, мусоидат дар самти таъминоти моддию техникӣ ва тайёр намудани кадрҳои соҳаро муҳим хонд
https://sputnik.tj/20221019/razvedka-tojikiston-terrorist-sarhad-besarnishin-1052247683.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040931363_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_16858b18737f6d9dc86368ecda1fb27b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, натиҷа, амалиёт, марзбон
эълон, натиҷа, амалиёт, марзбон
Нобудсозии 127 ҷангҷӯю мусодираи 11 тон нашъа: Натиҷаи амалиёт дар марз бо Афғонистон
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон натиҷаи садҳо амалиёташон дар марз бо Афғонистон тайи 10 соли охирро эълон намуд
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон 640 амалиёти вижа анҷом доданд.
Дар ин бора муовини аввали фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, Раҷабзода Насимҷон зимни ҳамоиши конфронси зиддитеррористӣ дар Душанбе иттилоъ дод.
Ӯ аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ҳудуди 5 кӯшиши қочоқи аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ пешгирӣ карда шуд.
Таъкид шуд, ки дар давоми 10 соли охир воҳидҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ️зиёда аз 11,5 ҳазор кг маводи мухаддир, 316 силоҳи оташфишон, 15 ҳазор лавозимоти ҷангӣ, зиёда аз 300 кг маводи тарканда мусодира гардидаст.
Раҷабзода ҳамчунин афзудааст, ки тайи ин муддат 220 маротиба марзбонон бо гурӯҳҳои мусаллаҳи террористон задухӯрд карданд, ки дар натиҷа 127 ҷангҷӯ нобуд карда шуда, 216 сарҳадшикан дастгир гардиданд.
Ин гузоришҳо дар ҳолеянд, ки бахши истихборотии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон вазъият дар музофотҳои шимолу шарқи Афғонистонро мураккаб хонда, афзуд, ки он дар оянда боз шиддати бештар хоҳад гирифт.
Ноиби фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар умури ихтиборот, Кишваршо Хушвахт гуфт, созмонҳои террористӣ дар Афғонистон фаъол шуда, феълан ҳудуди 40 пойгоҳу урдугоҳҳои гуруҳҳои террористӣ дар ин кишвар фаъолият дорад.
Вай зарурати таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистонро таъкид намуда, мусоидат дар самти таъминоти моддию техникӣ ва тайёр намудани кадрҳои соҳаро муҳим хонд