https://sputnik.tj/20221019/muhojirat-jalasai-shuro-amniyati-rusiya-video-1052258141.html
Путин дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия дар мавриди муҳоҷирон - видео
Путин дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия дар мавриди муҳоҷирон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия гузориши ноиби раиси Шӯрои амнияти кишвар дар мавриди бартарафсозии таҳдидҳо ба амнияти миллӣ дар сиёсати муҳоҷиратиро мешунавад
2022-10-19T17:15+0500
2022-10-19T17:15+0500
2022-10-19T17:28+0500
видео
муҳоҷират
шӯрои амнияти фр
дмитрий медведев
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/13/1052254802_0:0:3137:1765_1920x0_80_0_0_9405bd58993b95f076664bee0c76df1a.jpg
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия бо ҳузури раисҷумҳур Владимир Путин сиёсати муҳоҷиратӣ ва амнияти миллӣ баррасӣ хоҳад шуд. Ба иттилои Кремл, иштирокдорони Шӯро бартарафсозии таҳдидҳо ба амнияти миллӣ дар соҳаи муҳоҷират ва танзими равандҳои ин соҳаро баррасӣ хоҳанд кард. Дар ин робита гузориши муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев дар назар аст. Интизор меравад, ки Путин дар ин ҳамоиш аз тариқи видеоконфронс иштирок намояд.Дар Русия назорати муҳоҷират пурзӯр мешавад Маврид ба зикр аст, ки дар чаҳорчӯби Шӯрои амният Медведев як комиссияи байниидоравии такмили сиёсат дар соҳоаи муҳоҷиратро раҳбарӣ мекунад. Фармони президент дар бораи таъсиси комиссия 10 феврал нашр шуд. Тибқи ин санад, комиссия ба таҳлили вазъи муҳоҷират дар Русия, муайян кардани таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба амнияти миллӣ дар соҳа, таҳияи пешниҳоду тавсияҳо ба Шӯрои амният машғул аст.Қаблан эълон шуда буд, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои муҷаҳҳазсозии ниҳодҳои умури муҳоҷират матраҳ хоҳад шуд, ки бо назардошти замони муосир бояд амал кунанд. Медведев аз ҷумла аз омодасозии як лоиҳаи қонуни фарогир хабар дода буд, ки вуруду хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони хориҷиро танзим мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/13/1052254802_191:0:2922:2048_1920x0_80_0_0_e2a57e9ce0b2832ca0d664126c639e53.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, муҳоҷират, ҷласа
Путин дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия дар мавриди муҳоҷирон - видео
17:15 19.10.2022 (Навсозишуда: 17:28 19.10.2022) Раисҷумҳури Русия гузориши ноиби раиси Шӯрои амнияти кишвар дар мавриди бартарафсозии таҳдидҳо ба амнияти миллӣ дар сиёсати муҳоҷиратиро мешунавад
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия бо ҳузури раисҷумҳур Владимир Путин сиёсати муҳоҷиратӣ ва амнияти миллӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Ба иттилои Кремл, иштирокдорони Шӯро бартарафсозии таҳдидҳо ба амнияти миллӣ дар соҳаи муҳоҷират ва танзими равандҳои ин соҳаро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар ин робита гузориши муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев дар назар аст. Интизор меравад, ки Путин дар ин ҳамоиш аз тариқи видеоконфронс иштирок намояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар чаҳорчӯби Шӯрои амният Медведев як комиссияи байниидоравии такмили сиёсат дар соҳоаи муҳоҷиратро раҳбарӣ мекунад. Фармони президент дар бораи таъсиси комиссия 10 феврал нашр шуд.
Тибқи ин санад, комиссия ба таҳлили вазъи муҳоҷират дар Русия, муайян кардани таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба амнияти миллӣ дар соҳа, таҳияи пешниҳоду тавсияҳо ба Шӯрои амният машғул аст.
Қаблан эълон шуда буд, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои муҷаҳҳазсозии ниҳодҳои умури муҳоҷират матраҳ хоҳад шуд, ки бо назардошти замони муосир бояд амал кунанд. Медведев аз ҷумла аз омодасозии як лоиҳаи қонуни фарогир хабар дода буд, ки вуруду хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони хориҷиро танзим мекунад.