https://sputnik.tj/20221019/ahmadzoda-davati-navaskaron-sughd-1052250011.html
Аҳмадзода хост, даъвати наваскарон дар Суғд ҷоннок карда шавад
Аҳмадзода хост, даъвати наваскарон дар Суғд ҷоннок карда шавад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд дар ҷамъбасти қариб се ҳафтаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дастур дод, ки ин равнад тезонда шавад
2022-10-19T12:05+0500
2022-10-19T12:05+0500
2022-10-19T12:13+0500
дар тоҷикистон
марз
хидмат
суғд
амният ва мудофиа
даъвати наваскарон
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/15/1038879696_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_266246396e86b06dd957fd74f1142d98.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Нақшаи даъвати наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар вилояти Суғд ба андозаи 45% иҷро шуд. Дар ин бора зимни машварати кории раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд. Таъкид гардид, ки феълан бар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ идома дорад. Аҳмадзода зимни таҳлили вазъ аз комиссари ҳарбии вилоят ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳо дастур дод. Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд камбудиҳоеро, ки раиси вилоят хостори ислоҳашон шудааст, ном набурдаст. Танҳо зикр намудаст, ки масъулин барои таъмини иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ, ҷоннок намудани фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо фаъолон, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони ҷамоатҳо ва раисони маҳаллаҳо муваззаф гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳанӯз дар даҳрӯзаи аввали моҳи равон нақшаи даъвати наваскарон беш аз 50% иҷро шуд. Аввалин шуда аз иҷрои нақша Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гузориш дод. Даъвати наваскарон дар Тоҷикистон ҳамасола дар фасли тирамоҳ ва баҳор сурат гирифта, аввалӣ моҳҳои октябр - ноябр ва дуюмӣ моҳҳои апрел - май идома меёбад.
https://sputnik.tj/20221012/vazorati-difo-naqsha-davat-tojikiston-1052071977.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/15/1038879696_131:0:1268:853_1920x0_80_0_0_e47b8bd98a0da3e97ea0259f67fcc7c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур, ҷоннок, даъват, наваскарон, суғд
дастур, ҷоннок, даъват, наваскарон, суғд
Аҳмадзода хост, даъвати наваскарон дар Суғд ҷоннок карда шавад
12:05 19.10.2022 (Навсозишуда: 12:13 19.10.2022) Раиси вилояти Суғд дар ҷамъбасти қариб се ҳафтаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дастур дод, ки ин равнад тезонда шавад
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Нақшаи даъвати наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар вилояти Суғд ба андозаи 45% иҷро шуд.
Дар ин бора зимни машварати кории раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд.
Таъкид гардид, ки феълан бар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ идома дорад.
Аҳмадзода зимни таҳлили вазъ аз комиссари ҳарбии вилоят ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳо дастур дод. Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд камбудиҳоеро, ки раиси вилоят хостори ислоҳашон шудааст, ном набурдаст.
Танҳо зикр намудаст, ки масъулин барои таъмини иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ, ҷоннок намудани фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо фаъолон, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони ҷамоатҳо ва раисони маҳаллаҳо муваззаф гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳанӯз дар даҳрӯзаи аввали моҳи равон нақшаи даъвати наваскарон беш аз 50% иҷро шуд. Аввалин шуда аз иҷрои нақша Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гузориш дод.
Даъвати наваскарон дар Тоҷикистон ҳамасола дар фасли тирамоҳ ва баҳор сурат гирифта, аввалӣ моҳҳои октябр - ноябр ва дуюмӣ моҳҳои апрел - май идома меёбад.