Даҳ рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ: Вазорати дифоъ гуфт, чанд дарсади нақша иҷро шуд

© Пресс-служба администрации Согдийской областиПроводы в армию таджикских новобранцев
Проводы в армию таджикских новобранцев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Обуна шудан
Нақшаи даъвати наваскарон ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯзи аввали оғози ин маъракаи муҳим беш аз 50% иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Даъвати тирамоҳӣ ба сафи Артиши миллӣ аз 1 октябр оғоз шуда, феълан аз нисф зиёди нақша иҷро шуд.
Сардори Маркази матбуоти вазорати дифоъи ҶТ, Фариддун Маҳмадализода ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тайи даҳ рӯзи аввали даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ нақша 50,2% иҷро шудааст.
“Нақша дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳанӯз дар нахустин рӯзи даъват пурра иҷро шуд. Хушбахтона, ин вилоят тайи чанд соли охир аст, ки иҷрои нақшаро дар кишвар пеш аз мӯҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ, аввалин шуда иҷро мекунад”, - гуфт Маҳмадализода.
Министр обороны РТ Шерали Мирзо на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2022
Бе "облава" ва даъвати бештари писарони мансабдорон: Шералӣ Мирзо аз комиссарҳо чӣ хост?
Сардори Маркази матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон афзуд, тайи даҳаи аввали моҳи октябр навоҳии Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвору Лахш ва шаҳри Ҳисор низ нақшаро пурра иҷро карда, дар умум иҷрои даъват ба Артиши миллӣ дар Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ба 62% баробар шудааст.
“Дар вилояти Хатлон иҷрои нақша 51% ташкил дод, аз ҷумла ноҳияҳои Данғараву Вахш онро пурра иҷро карданд. Нақшаи даъват дар шаҳри Душанбе 48 ва дар вилояти Суғд 38 дарсадро ташкил медиҳад”, - гуфт Фаридун Маҳмадализода.
Даъвати тирамоҳӣ ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли равон бар пояи асоси фармони президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон аз 3-юми сентябри соли 2022 феълан идома дорад. Маъракаи даъвати тирамоҳӣ моҳҳои октябр ва ноябр давом мекунад.
Лентаи хабарҳо
0