https://sputnik.tj/20221018/hushdor-rahmon-niyat-doish-tojikiston-1052227327.html
Ҳушдори прокурор аз нияти "ДОИШ"*: Азми таҷовуз ба Тоҷикистон ва ОМ аён шуда истодааст
Ҳушдори прокурор аз нияти "ДОИШ"*: Азми таҷовуз ба Тоҷикистон ва ОМ аён шуда истодааст
Sputnik Тоҷикистон
Додситони кулли Тоҷикистон махсусан аз хатари қаноти "ДОИШ"* ҳушдор дод, ки нияти бозсозии Хуросони бузург бо фарогирии Афғонистон ва Осиёи Марказиро дорад
2022-10-18T18:00+0500
2022-10-18T18:00+0500
2022-10-18T18:00+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
таҳдид
афғонистон
террористӣ
юсуф раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102299/14/1022991481_0:397:6016:3781_1920x0_80_0_0_1801b6603ee70d5dab083e6b53f82f4d.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Аъзои гуруҳҳои террористи "Ал-қоқида"*, "ДОИШ"*, "Ҷамоати Ансоруллоҳ"*, "Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ"*, ҲНИТ* "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон"* фаъолшавияшонро дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон идома дода истодаанд.Ин нуктаро додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон зимни ҳамоиши байналмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе баён дошт. Вай кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистонро дар баробари хатарҳои террористӣ ба далели марзи тӯлонияш бо Афғонистон, осебпазир хонд. Юсуф Раҳмон таҳдидҳои махсуси қаноти ДОИШ* бо номи Хуросонро таъкид намуд, ки ба гуфтаи ӯ ҳудуди 5 ҳазор ҷангҷӯйро дар бар мегирад. Ӯ таъкид намуд, ки ин қанот нияти бозсозии Хурсони бузургро дорад, ки замоне қаламрави Афғонистону Осиёи Миёнаи феълиро дар бар гирифт. Ба гуфтаи Раҳмон, бо назардошти дарозии сарҳад, мураккабии мавзеи ҷуғрофӣ ва зӯргӯиҳои гуруҳҳои террористӣ вуруди онҳо ба Тоҷикистон ва ҳамин тариқ ба кишварҳои дигар беш аз пеш аён шуда истодааст. Дар ин робита муҳим хонда шуд, ки барои ҳифзи сарҳадоти Осиёи Марказӣ талоши муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардад. Маврид ба зикр аст, ки феълан дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд дар масъалаи идораи сарҳадот ва мубориза бо терроризм идом дорад.*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия
https://sputnik.tj/20221018/rahmon-intiqol-jangjuyon-afghoniston-osiyoi-khatar-1052209204.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102299/14/1022991481_661:0:6016:4016_1920x0_80_0_0_6a727c3c9f21713a7f7a6b99e35358bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, террористҳо, юсуф раҳмон
ҳушдор, террористҳо, юсуф раҳмон
Ҳушдори прокурор аз нияти "ДОИШ"*: Азми таҷовуз ба Тоҷикистон ва ОМ аён шуда истодааст
Додситони кулли Тоҷикистон махсусан аз хатари қаноти "ДОИШ"* ҳушдор дод, ки нияти бозсозии Хуросони бузург бо фарогирии Афғонистон ва Осиёи Марказиро дорад
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Аъзои гуруҳҳои террористи "Ал-қоқида"*, "ДОИШ"*, "Ҷамоати Ансоруллоҳ"*, "Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ"*, ҲНИТ* "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон"* фаъолшавияшонро дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон идома дода истодаанд.
Ин нуктаро додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон зимни ҳамоиши байналмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе баён дошт.
Вай кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистонро дар баробари хатарҳои террористӣ ба далели марзи тӯлонияш бо Афғонистон, осебпазир хонд.
Юсуф Раҳмон таҳдидҳои махсуси қаноти ДОИШ* бо номи Хуросонро таъкид намуд, ки ба гуфтаи ӯ ҳудуди 5 ҳазор ҷангҷӯйро дар бар мегирад.
Ӯ таъкид намуд, ки ин қанот нияти бозсозии Хурсони бузургро дорад, ки замоне қаламрави Афғонистону Осиёи Миёнаи феълиро дар бар гирифт.
Ба гуфтаи Раҳмон, бо назардошти дарозии сарҳад, мураккабии мавзеи ҷуғрофӣ ва зӯргӯиҳои гуруҳҳои террористӣ вуруди онҳо ба Тоҷикистон ва ҳамин тариқ ба кишварҳои дигар беш аз пеш аён шуда истодааст.
Дар ин робита муҳим хонда шуд, ки барои ҳифзи сарҳадоти Осиёи Марказӣ талоши муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд дар масъалаи идораи сарҳадот ва мубориза бо терроризм идом дорад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия