https://sputnik.tj/20221018/rahmon-kishvarho-taraqqikarda-terrorist-panohandagi-1052200304.html
Нигаронии президенти Тоҷикистон аз гуреза шудани террористҳо дар кишварҳои тараққикарда
Нигаронии президенти Тоҷикистон аз гуреза шудани террористҳо дар кишварҳои тараққикарда
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоле, ки бисёре аз аъзои созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон дар Аврупо гуреза шудаанд, Душанбе хост, ба муттаҳамон дар терроризм паноҳандагӣ надиҳанд
2022-10-18T12:00+0500
2022-10-18T12:00+0500
2022-10-18T13:08+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
террорист
паноҳанда
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051048562_0:0:2986:1680_1920x0_80_0_0_63b9d316c29323fcad4c3a79b2869a35.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Террористону ифротгароён аз институти "гуреза" ва "паноҳҷӯянда" хуб истифода карда, аз боварии кишварҳои бештар тараққикарда сӯйистифода менамоянд.Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳамоиши зиддитеррористӣ дар Душанбе баён дошт. "Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқи башар ҷудо аз терроризму ифротгароӣ баррасӣ карда шуда, ба шахсони барои содир кардани амалу кирдорҳои террористӣ ҷалбшуда ва айбдор донисташуда паноҳгоҳ дода нашавад ва чунин ашхос сари вақт боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд", - гуфт ӯ. Раҳмон инчунин аз фаҳмиши мутафовути терроризму экстремизм миёни кишварҳои ҷаҳон гуфта, онро омили аслии нокофия будани вокуниш ба ин зуҳуроти хатарнок хонд. "Чунонки дар гузоришҳои ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид зикр мегардад, ҳолати мазкур ба он сабаб ба миён омадааст, ки зимни арзёбии ҳуқуқӣ ва истилоҳӣ аз ин падидаи хатарнок миёни кишварҳо рӯйкарди ягона ва ҳамдигарфаҳмии зарурӣ вуҷуд надорад", - изҳор дошт ӯ.Раисҷумҳур афзуд, то замоне, ки аз ҷониби ҳамаи субъектҳои байналмилалӣ мафҳумҳои мушаххаси эътирофшудаи терроризму ифротгароӣ ва равишҳои ягонаи муқовимат ба онҳо пазируфта нашавад, таъмин намудани ҳамоҳангии талоши кишварҳо дар мубориза бо ин падидаҳои зиддиинсонӣ амалан ғайриимкон боқӣ мемонад.Маврид ба зикр аст, ки феълан дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд дар масъалаи идораи сарҳадот ва мубориза бо терроризм идом дорад.
https://sputnik.tj/20220914/rusiya-hnit-ro-terroristi-elon-kard-1051385362.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051048562_0:0:2560:1920_1920x0_80_0_0_a0a741ed8b1c145e61249ac9149c40d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, террорист, гуреза, кишварҳои аврупо
эмомалӣ раҳмон, террорист, гуреза, кишварҳои аврупо
Нигаронии президенти Тоҷикистон аз гуреза шудани террористҳо дар кишварҳои тараққикарда
12:00 18.10.2022 (Навсозишуда: 13:08 18.10.2022) Дар ҳоле, ки бисёре аз аъзои созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон дар Аврупо гуреза шудаанд, Душанбе хост, ба муттаҳамон дар терроризм паноҳандагӣ надиҳанд
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Террористону ифротгароён аз институти "гуреза" ва "паноҳҷӯянда" хуб истифода карда, аз боварии кишварҳои бештар тараққикарда сӯйистифода менамоянд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳамоиши зиддитеррористӣ дар Душанбе баён дошт.
"Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқи башар ҷудо аз терроризму ифротгароӣ баррасӣ карда шуда, ба шахсони барои содир кардани амалу кирдорҳои террористӣ ҷалбшуда ва айбдор донисташуда паноҳгоҳ дода нашавад ва чунин ашхос сари вақт боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд", - гуфт ӯ.
Раҳмон инчунин аз фаҳмиши мутафовути терроризму экстремизм миёни кишварҳои ҷаҳон гуфта, онро омили аслии нокофия будани вокуниш ба ин зуҳуроти хатарнок хонд.
"Чунонки дар гузоришҳои ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид зикр мегардад, ҳолати мазкур ба он сабаб ба миён омадааст, ки зимни арзёбии ҳуқуқӣ ва истилоҳӣ аз ин падидаи хатарнок миёни кишварҳо рӯйкарди ягона ва ҳамдигарфаҳмии зарурӣ вуҷуд надорад", - изҳор дошт ӯ.
Раисҷумҳур афзуд, то замоне, ки аз ҷониби ҳамаи субъектҳои байналмилалӣ мафҳумҳои мушаххаси эътирофшудаи терроризму ифротгароӣ ва равишҳои ягонаи муқовимат ба онҳо пазируфта нашавад, таъмин намудани ҳамоҳангии талоши кишварҳо дар мубориза бо ин падидаҳои зиддиинсонӣ амалан ғайриимкон боқӣ мемонад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд дар масъалаи идораи сарҳадот ва мубориза бо терроризм идом дорад.