Русия ҲНИТ*-ро террористӣ эълон кард

© PixabayМолоток
Молоток  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2022
Обуна шудан
Дархости Додситонии кулли Русия дар мавриди террористӣ эълон кардани ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ - ҲНИТ* қонеъ гардонда шудааст
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Додгоҳи Олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон*-ро террористӣ эътироф карда, фаъолияташро дар қаламрави ин кишвар мамнуъ эълон кард.
Ба иттилои манбаъ, Додгоҳи олӣ дархости додситонии кулли кишварро барои террористӣ эълон кардани ҲНИТ* қонеъ кард.
Қаблан Игор Краснов, додситони кулли Русия, зимни мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш, Юсуф Раҳмон дар Душанбе изҳор дошт, ки мавқеи ҷониби Тоҷикистонро ба назар гирифта, ҷамъоварии мавод дар мавриди ҲНИТ*-ро ба анҷом расондаанд.
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2022
Дархости Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ барои террористӣ эълон кардани бархе созмонҳо
"Назари шумо дар мавриди зарурати террористӣ эълон шудани бархе созмонҳо дар Русияро ба назар гирифта шуданд. Аз ҷумла дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дархости дахлдор имзо ва ба додгоҳ ирсол гардид", - изҳор дошт Краснов дар хитоб ба Раҳмон.
Тоҷикистон ҲНИТ*-ро соли 2015 террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар кишвар мамнуъ сохт.
Душанбе инчунин аз бархе кишварҳои хориҷӣ низ хостааст, фаъолияти созмону гурӯҳҳоеро, ки худаш террористӣ хондааст, дар қаламравашон мамнуъ кунанд.
*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0