Путин гуфт, ҳукумати нави Афғонистон қодир ба ҳалли мушкилоти терроризм нест

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в неформальной встрече руководителей стран - участниц СНГ
Президент РФ В. Путин принял участие в неформальной встрече руководителей стран - участниц СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия бо ишора ба вазъи вахими амниятии Афғонистон мегӯяд, ҳукумати нави ин кишвар натавонист мушкилоти терроризмро аз миён барад
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Афғонистон яке аз мушкилоти доғи амнияти минтақавӣ боқӣ мемонад.
Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин зимни нишасти сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳор дошт.
Раҳбари Русия таъкид кард, ки яке аз шадидтарин чолишҳои амниятӣ вазъ дар Афғонистон боқӣ мемонад, ки мушкилоти терроризм пас аз ҳузури Амрико шадидтар шудааст.
"Мутаассифона, Афғонистон яке аз шадидтарин чолишҳои амниятӣ барои минтақаи мо боқӣ мемонад. Имрӯз ҳамкасбон дар ин бора ҳарф задаанд. Пас аз беш аз 20 соли ҳузури низомии ИМА ва НАТО, шикасти сиёсати онҳо ин кишвар натавонист ки мушкилоти марбут ба таҳдидҳои террористиро мустақилона ҳал кунад”, - гуфт Путин.
Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин хостори озод кардани маблағҳои ғайриқонунии масдудшудаи Афғонистон ва ҷуброни хисороти расида дар солҳои ишғол ба ин кишвар шуд.
"Мо ҷиддӣдаъват мекунем, ки зарари дар солҳои ишғол ба афғонистониҳо расида ҷуброн шавад ва маблағҳои ғайриқонунии мунҷамидшудаи Афғонистонро боз шавад", - гуфт ӯ.
Памятник Рудаки в Душанбе, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Нишасти амниятии Ҳирот ба Душанбе кӯчид: Шарҳи сафири Афғонистон
МҲТБО як форуми байнидавлатӣ буда, бо ташаббуси Қазоқистон соли 1992 таъсис ёфта, фаъолияти он ба фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи тадбирҳо дар соҳаи таъмини амният дар Осиё нигаронида шудааст.
Ҳоло дар ин форум 28 узв ширкат доранд, ки тақрибан 90% ҳудуд ва аҳолии Осиёро фаро мегиранд. Як қатор давлатҳо ва панҷ созмони байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, мақоми нозирӣ доранд.
Лентаи хабарҳо
0