Президенти Тоҷикистон бо дабири СААД ҳамкориҳоро баррасӣ кард

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ масоили мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон СААД-ро омили муҳими амният ва субот дар минтақа арзёбӣ намуд.
Ӯ ин нуктаро дар мулоқот бо дабири кулли СААД, Станислав Зас баён дошт.
"Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон дар чаҳорчуби Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, вазифаҳои имрӯзаи Созмон, инчунин мавзуъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд", - хабар дод котиботи ҶТ.
Таъкид гардид, ки ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон табодули андеша намуда, мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро зарур шумурданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2022
Ниёз ба 300 иншооти марзӣ: Раҳмон хостори "камарбанди амниятӣ" атрофи Афғонистон шуд
Маврид ба зикр аст, ки Зас дар нишасти зиддитеррористӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки марзҳо набояд монеаи ҳамкориҳои гуманитарӣ бо Афғонистон шаванд. Аммо дар зимн изҳор дошт, ки сарҳадот бояд монеаи ҷадид дар масири ҳаракати терроризму ифротгароӣ гарданд.
Зас ҳамчунин аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон ҳушдор дод, ки дар пасманзари номуайянию нооромии дохилӣ ба вуҷуд меоянду ба амният дар минтақа таъсир доранд.
Вай таъкид намуд, ки СААД Афғонистонро озод аз маводи мухаддиру терроризм дидан мехоҳад, ки дар он ҳууқуқ ҳамаи гуруҳҳои сиёсию этникӣ ҳимоят карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0