https://sputnik.tj/20221018/rahmon-kamarbandi-amniyati-afghoniston-1052199238.html
Ниёз ба 300 иншооти марзӣ: Раҳмон хостори "камарбанди амниятӣ" атрофи Афғонистон шуд
Ниёз ба 300 иншооти марзӣ: Раҳмон хостори "камарбанди амниятӣ" атрофи Афғонистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Тоҷикистон хостори ташкили "камарбанди амниятӣ" атрофи Афғонистон шуда, барои таҳкими ҳифзи сарҳад бо ин кишвар бунёди 300 иншооти дигарро зарур хонд
2022-10-18T11:21+0500
2022-10-18T11:21+0500
2022-10-18T11:21+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
марз
эмомалӣ раҳмон
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051105974_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_ea085262c64aa81188456454458a3b95.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон ҳушдор дода, таъкид намуд, ки тайи 2 соли охир дар марз бо ин кишвар 175 иншооти сарҳадӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Ӯ зимни ҳамоиши байналмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Афғонистонро 1400 километр хатти сарҳад бо қитъаҳои мураккаби кӯҳӣ ба ҳам мепайвандад. Ин тақрибан 60%-и марзҳои давлатҳои Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад."Дар чунин шароит мо ҷиҳати таҳкими сарҳадот чораҳои зарурӣ андешида истодаем ва тайи ду соли охир зиёда аз 175 иншооти сарҳадиро сохта ба истифода додем", - гуфт ӯ. Раҳмон афзуд, ки феълан сохтмони 30 иншооти дигар идома дошта, лозим аст, ки дар оянда боз 300 иншооти марбута бунёд карда шаванд. Раисҷумҳур изҳор дошт, ки барои Тоҷикистон таъмин намудани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва дарёфти имкониятҳо ҷиҳати тақвияти он бениҳоят муҳим аст.Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Душанбе ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи идораи сарҳадот ва мубориза бо терроризм идома дорад.
https://sputnik.tj/20221018/norov-inzivo-afghoniston-khatar-jahon--1052199032.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051105974_159:0:1976:1363_1920x0_80_0_0_d310b0eca16e67420ac277edd67d5950.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ташаббус, ташкил, камарбанд, амниятӣ, афғонистон
ташаббус, ташкил, камарбанд, амниятӣ, афғонистон
Ниёз ба 300 иншооти марзӣ: Раҳмон хостори "камарбанди амниятӣ" атрофи Афғонистон шуд
Роҳбари Тоҷикистон хостори ташкили "камарбанди амниятӣ" атрофи Афғонистон шуда, барои таҳкими ҳифзи сарҳад бо ин кишвар бунёди 300 иншооти дигарро зарур хонд
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон ҳушдор дода, таъкид намуд, ки тайи 2 соли охир дар марз бо ин кишвар 175 иншооти сарҳадӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Ӯ зимни ҳамоиши байналмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Афғонистонро 1400 километр хатти сарҳад бо қитъаҳои мураккаби кӯҳӣ ба ҳам мепайвандад. Ин тақрибан 60%-и марзҳои давлатҳои Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад.
"Дар чунин шароит мо ҷиҳати таҳкими сарҳадот чораҳои зарурӣ андешида истодаем ва тайи ду соли охир зиёда аз 175 иншооти сарҳадиро сохта ба истифода додем", - гуфт ӯ.
Раҳмон афзуд, ки феълан сохтмони 30 иншооти дигар идома дошта, лозим аст, ки дар оянда боз 300 иншооти марбута бунёд карда шаванд.
"Дар ин робита, талошҳои таъхирнопазир ҷиҳати татбиқи ташаббуси Тоҷикистон - консепсияи "камарбанди амниятӣ" дар атрофи Афғонистон ба манзури пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳо амри зарурӣ мебошад", - таъкид намуд Раҳмон.
Раисҷумҳур изҳор дошт, ки барои Тоҷикистон таъмин намудани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва дарёфти имкониятҳо ҷиҳати тақвияти он бениҳоят муҳим аст.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Душанбе ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи идораи сарҳадот ва мубориза бо терроризм идома дорад.