https://sputnik.tj/20221018/haqnazarov-istifoda-garmi-sarfi-barq-1052211174.html
Ҳақназаров: Истифодаи гармӣ сарфи барқро 3 баробар кам мекунад
Ҳақназаров: Истифодаи гармӣ сарфи барқро 3 баробар кам мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Барқи тоҷик" эълон кард, ки феълан навоҳии шаҳри Душанбе қисман бо гармӣ таъмин шуда, рӯзҳои наздик оби гарми қубурӣ дар тамоми шаҳр таъмин мешавад
2022-10-18T16:25+0500
2022-10-18T16:25+0500
2022-10-18T16:25+0500
дар тоҷикистон
энергетика
ширкат
барқи тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/02/1043889026_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_76ec2b0e58454c23021de23387e00c64.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Истифода аз оби гарми қубурӣ дар Душанбе боиси 3 баробар сарфа шудани нерӯи барқ мегардад, изҳор дошт масъули Маркази барқу гармдиҳии дуюми пойтахт дар суҳбат бо "Ховар". Ба иттилои ӯ Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ҳоло бо тамоми қувва ба фаъолият оғоз намудааст, ки дар як шабонарӯз 5400-5500 тонна ангишт масраф мешавад.Сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" изҳор доштаст, ки феълан тақсимкунии оби гарм ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва як қисми ноҳияи Сино ба роҳ монда шуда, рӯзҳои наздик тамоми ноҳияҳои пойтахти кишвар бо оби гарми қубурӣ таъмин мегарданд.Бар асоси омори расмӣ, дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 аз тарафи марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ наздики 2,8 ҳазор иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд. Таъкид шудаст, ки аз ҳисоби истифодаи гармии танҳо Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе - 2" имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии неруи барқ пайдо мегардад, ки ин сатҳи таъмини аҳолии кишварро бо неруи барқ боз ҳам беҳтар менамояд.Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад.Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон аллакай сокинон аз дастрас кардани нерӯи барқ бо маҳдудият хабар медиҳанд. Ширкати мазкур таъкид кардааст, ки дар соли ҷорӣ норасоии мавсимии неруи барқ дар ҳаҷми беш аз як млрд с соат пешгўӣ карда шудааст.
https://sputnik.tj/20221012/limit-tamiri-barqi-tojik-kambudi-ob-sarfai-barq-1052091964.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/02/1043889026_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_a2d1e02452769d7e7171fddc5fa879de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нерӯи барқ, сарфа, барқи тоҷик
нерӯи барқ, сарфа, барқи тоҷик
Ҳақназаров: Истифодаи гармӣ сарфи барқро 3 баробар кам мекунад
Ширкати "Барқи тоҷик" эълон кард, ки феълан навоҳии шаҳри Душанбе қисман бо гармӣ таъмин шуда, рӯзҳои наздик оби гарми қубурӣ дар тамоми шаҳр таъмин мешавад
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Истифода аз оби гарми қубурӣ дар Душанбе боиси 3 баробар сарфа шудани нерӯи барқ мегардад, изҳор дошт масъули Маркази барқу гармдиҳии дуюми пойтахт дар суҳбат бо "Ховар".
Ба иттилои ӯ Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ҳоло бо тамоми қувва ба фаъолият оғоз намудааст, ки дар як шабонарӯз 5400-5500 тонна ангишт масраф мешавад.
Сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" изҳор доштаст, ки феълан тақсимкунии оби гарм ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва як қисми ноҳияи Сино ба роҳ монда шуда, рӯзҳои наздик тамоми ноҳияҳои пойтахти кишвар бо оби гарми қубурӣ таъмин мегарданд.
Бар асоси омори расмӣ, дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 аз тарафи марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ наздики 2,8 ҳазор иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд.
Таъкид шудаст, ки аз ҳисоби истифодаи гармии танҳо Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе - 2" имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии неруи барқ пайдо мегардад, ки ин сатҳи таъмини аҳолии кишварро бо неруи барқ боз ҳам беҳтар менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад.
Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон аллакай сокинон аз дастрас кардани нерӯи барқ бо маҳдудият хабар медиҳанд. Ширкати мазкур таъкид кардааст, ки дар соли ҷорӣ норасоии мавсимии неруи барқ дар ҳаҷми беш аз як млрд с соат пешгўӣ карда шудааст.