https://sputnik.tj/20221012/limit-tamiri-barqi-tojik-kambudi-ob-sarfai-barq-1052091964.html
Лимит ё таъмири шабакаҳои барқӣ: “Барқи тоҷик” боз аз камбуди обу сарфаи барқ гуфт
Лимит ё таъмири шабакаҳои барқӣ: “Барқи тоҷик” боз аз камбуди обу сарфаи барқ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Барқи тоҷик" эълом кардааст дар соли ҷорӣ норасоии мавсимии неруи барқ дар ҳаҷми беш аз як миллиард киловатт – соат пешгӯӣ карда шудааст
2022-10-12T21:20+0500
2022-10-12T21:20+0500
2022-10-12T21:20+0500
дар тоҷикистон
"барқи тоҷик"
барқ
сарфакорӣ
лимит
камбудӣ
об
лимити барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/52/1013975272_0:0:4288:2412_1920x0_80_0_0_8596f8c0c825d490b71a0bb00913e61f.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ширкати "Барқи тоҷик" эълом кардааст, ки бо мақсади ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода намудани иншооти энергетикӣ дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд.Ширкати мазкур таъкид кардааст, ки дар соли ҷорӣ норасоии мавсимии неруи барқ дар ҳаҷми беш аз як миллиард киловатт – соат пешгўӣ карда шудааст.“Барқи тоҷик” хабар додааст, ки бо дарназардошти пешгўӣ шудани норасоии мавсимии неруи барқ, эҳтимоли то баҳор басанда набудани захираҳои об дар низоми энергетикии кишвар ба миён омадааст.Ширкати мазкур қайд кардааст, ки барои омодагии хуб ба мавсими сармо анҷом додани корҳои таъмиру профилактикӣ дар шабакаҳои барқӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад.“Аз ин рӯ, аз ҷониби мутахассисони ҷамъиятҳои саҳҳомии “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” бо мақсади ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода намудани иншооти энергетикӣ дар рўзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд”,- илова кардааст “Барқи тоҷик”.Ҳамзамон ин ширкат хабар додааст, ки ҳамроҳ бо Ҷамъияти саҳҳомии “Шабакаҳои тақсимоти барқ”ҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ мондани мардум нест.Ин ниҳод аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар давраи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд.
https://sputnik.tj/20220913/narkh-barq-tojikiston-bolo-1051370096.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/52/1013975272_0:0:3797:2848_1920x0_80_0_0_2bff13b9389cd5376f39ef6f672c13f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, барқи тоҷик, лимит, барқ, камбуди об, норасоӣ, барқи тоҷик, камбуд
тоҷикистон, барқи тоҷик, лимит, барқ, камбуди об, норасоӣ, барқи тоҷик, камбуд
Лимит ё таъмири шабакаҳои барқӣ: “Барқи тоҷик” боз аз камбуди обу сарфаи барқ гуфт
Ширкати "Барқи тоҷик" эълом кардааст дар соли ҷорӣ норасоии мавсимии неруи барқ дар ҳаҷми беш аз як миллиард киловатт – соат пешгӯӣ карда шудааст
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ширкати "Барқи тоҷик" эълом кардааст, ки бо мақсади ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода намудани иншооти энергетикӣ дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд.
Ширкати мазкур таъкид кардааст, ки дар соли ҷорӣ норасоии мавсимии неруи барқ дар ҳаҷми беш аз як миллиард киловатт – соат пешгўӣ карда шудааст.
“Барқи тоҷик” хабар додааст, ки бо дарназардошти пешгўӣ шудани норасоии мавсимии неруи барқ, эҳтимоли то баҳор басанда набудани захираҳои об дар низоми энергетикии кишвар ба миён омадааст.
“Бо дарназардошти пешгўӣ шудани норасоии мавсимии неруи барқ, эҳтимоли то баҳор басанда набудани захираҳои об дар низоми энергетикии кишвар ба миён омадааст”, - эълон кардааст ширкати “Барқи тоҷик”.
Ширкати мазкур қайд кардааст, ки барои омодагии хуб ба мавсими сармо анҷом додани корҳои таъмиру профилактикӣ дар шабакаҳои барқӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад.
“Аз ин рӯ, аз ҷониби мутахассисони ҷамъиятҳои саҳҳомии “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” бо мақсади ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода намудани иншооти энергетикӣ дар рўзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд”,- илова кардааст “Барқи тоҷик”.
Ҳамзамон ин ширкат хабар додааст, ки ҳамроҳ бо Ҷамъияти саҳҳомии “Шабакаҳои тақсимоти барқ”ҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ мондани мардум нест.
“Вале имрӯз вазъият ҳаминро тақозо менамояд”, - хабар додааст ширкати “Барқи тоҷик”.
Ин ниҳод аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар давраи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд.