Футбол барои духтарон: Ҳисор мизбони қаҳрамонии CAFA-2022 мешавад

© Pixabay Женский футбол, архивное фото
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2022
Обуна шудан
Дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA дар Тоҷикистон дастаҳои занонаи наврасони кишварҳои Осиё дидор мекунанд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Дар Ҳисор мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои наврасони занона баргузор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Мусобика дар ҷумҳурӣ аз 21 то 25 октябр байни дастаҳои наврасони то 15-сола барпо мегардад.
Дар ин муддат чанд бозӣ миёни дастаҳои Тоҷикистон, Эрон ва Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Қаҳрамонии CAFA-2022 аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад ва ҳама бозиҳои он дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегардад.
Бар асоси ҷадвали рақобатҳо нахуст дастаҳои занонаи наврасони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 21 октябр вориди майдон мешаванд.
Тими мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Тими Тоҷикистон аз мақоми аввали гуруҳ ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё - 2023 меравад
Ёдовар мешавем, ки қаблан бозии ҳалкунандаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 17-солаи Тоҷикистон ва Афғонистон бо пирӯзии ҷавонони тоҷик анҷом шуда буд.
Дастаҳои футзали Тоҷикистону Русия ба қувваозмоӣ омодагӣ мебинанд
Дастрасӣ ба даври ниҳоӣ пас аз он ки варзишгарон таҳти роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов дар мусобиқаи интихобии байналмилалӣ мақоми аввалро касб карданд, таъмин гардид.
Футболбозони тоҷик бар ҳамсолони худ аз Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0