Тими Тоҷикистон аз мақоми аввали гуруҳ ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё - 2023 меравад

© Федератсияи футболи ТоҷикистонТими мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон
Тими мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Обуна шудан
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё - 2023 миёни футболбозони то 17-сола дар шаҳри Душанбе дар гурӯҳи "Н" бо пирӯзии тими Тоҷикистон анҷомид
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тими наврасони то 17-солаи Тоҷикистон аз мақоми аввали гуруҳи "Н" ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё - 2023 меравад.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи наврасони тоҷик (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дастаи Афғонистонро шикаст дода, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи "Н" мақоми аввалро касб кард.
Манба зикр кард, ки дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ наврасони Тоҷикистон бар ҳамсолони худ аз Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Голҳои Беҳрӯз Хуҷаев ва Диловари Ҷамшедзода ба дарвозаи тими Афғонистон барои дастаи Тоҷикистон 3 имтиёз оварданд.
Люди идут мимо здания Международной федерации футбола (ФИФА) в Цюрихе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2022
Мавқеи нави Тоҷикистон дар радабандии ФИФА: як зина пеш рафт
Беҳтарин бозигари ин зӯрозмоӣ Шаҳбон Наимов аз тими Тоҷикистон дониста шуд.
Таъкид гардид, ки ба ҷуз аз тими наврасони Тоҷикистон мунтахаби Афғонистон низ аз гурӯҳи “H” ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран тими Афғонистон бо ҳисоби бузурги 5:0 бар тими Муғулистон пирӯз гардид. Дастаи Тоҷикистон мунтахаби наврасони Муғулистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода буд.
Идомаи сабқат дар ҳолест, ки ахиран дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.
Лентаи хабарҳо
0