WSJ: Украина амнияти Амрикоро зери хатар гузоштааст

CC BY-SA 2.0 / Mariordo59 / Aerial view of the Pentagon, Arlington, VAЗдание Пентагона в США
Здание Пентагона в США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2022
Обуна шудан
Рӯзномаи “Wall Street Journal” навиштааст, ки ба далели интиқоли аслиҳа ба Украина дар ҳоли ҳозир ИМА барои муқовимат бо Чин омода нест
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Низоъ дар Украина бархе камбудиҳоро дар бахши саноати низомии ИМА-ро ошкор кард кард, менависад “Wall Street Journal”.
Ба иттилои ин рӯзнома ин камбудиҳо ба тавонии ИМА барои ҷанг бо Чинро зери хатар мегузорад.
"Иёлоти Муттаҳида ба шароити замони ҷанг ба қадри кофӣ омода нест. Кумак ба Киев захираи муҳимот ва аслиҳа, аз қабили системаҳои зидди ҳавоии "Стингер", тӯпҳои “M777” ва системаҳои мушакии зиддитанкии "Ҷавелин"-ро тамом кардааст. Дар муноқиша бо Чин барои Тайван эҳтимол аст, ки талаботи ИМА ба силоҳ аз нақшаи Пентагон зиёдтар бошад”, — гуфта мешавад дар нашрия.
Инчунин, тавре ин рӯзнома қайд кардааст, Амрико ягона кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд.
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2022
Патрушев: Толибон то кунун аз пирӯзӣ бар Амрико хушҳолӣ доранд
Дар тамрини низомие, ки ахиран бо иштироки қувваҳои мусаллаҳи ИМА, Англия ва Фаронса, сурат гирифт дивизиям 3-юми Англия дар давоми хамагӣ бештар аз як хафта захираи муҳимоти ҷангии кишварро тамом кард.
Ба гуфтаи Сет Ҷонс, муаллифи матлаб, ҳалли мушкил бо силоҳ метавонад вақти зиёдро талаб кунад.
"Баъзе навъҳои мушакҳо ва системаҳо, аз қабили “Patriot Advanced Capability Capability PAC-2 / PAC-3” системаи дифоъи зиддимушакии ҳавоӣ ва тавлиди мушаки болдори Tomahawk V тақрибан ду сол лозим аст. Таъмини бозсозӣ сармоягузории устувор солҳои зиёдеро талаб мекунад”, - таъкид кардааст рӯзнома.
Рӯзнома навиштааст ширкатҳои дифоъӣ аксар вақт намехоҳанд, ки хатарҳои молиявиро бидуни шартномаҳои чандсола бар дӯш гиранд.
Қаблан Иёлоти Муттаҳида ҷараёни ҷанг бо Чин барои Тайванро моделсозӣ карданд ва ба хулосае омад, ки Пекин қисми зиёди нерӯҳои дарёии Амрикоро нобуд хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0