https://sputnik.tj/20221017/terrorizm-hamoish-namoyandagon-jahon-dushanbe-1052170958.html
Баҳси терроризм: ҳамоиши намояндагони 50 кишвари ҷаҳон дар Душанбе
Баҳси терроризм: ҳамоиши намояндагони 50 кишвари ҷаҳон дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Душанбе барои бори сеюм аст, ки мизбони ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи мубориза бо терроризм бо иштироки намояндагони даҳҳо давлату созмонҳо мешавад
2022-10-17T10:25+0500
2022-10-17T10:25+0500
2022-10-17T10:25+0500
дар тоҷикистон
душанбе
амният ва мудофиа
мубориза
терроризм
созмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035594_0:183:2995:1867_1920x0_80_0_0_36b91f5ad89463d3264b31147274b03e.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Омодагӣ ба конфронси навбатии Душанбе - "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо" идома доранд. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳотам Қурбонов иттилоъ дод. Ӯ изҳор доштаст, барои иштирок дар конфронси мазкур, ки 18 - 19 октябри соли равон дар назар аст, намояндагони зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон, инчунин роҳбарияти созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва дигарон дархост ирсол кардаанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафҳои Конфронси зиддитеррористии Душанбе баррасии масоили марбут ба пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо, мудирияти муассири сарҳадот, иқдомоти зиддитеррористӣ ва пешбурди ҳамкорӣ мебошад."Мо, мунтазир ва омодаи таъмини иштироки фаъоли намояндагони кишварҳо, созмонҳо ва дигар алоқамандон мебошем",- таъкид намудаст Ҳотам Қурбонов.Маврид ба зикр аст, ки қаблан низ дар Тоҷикистон, аз ҷумла 3 - 4 майи соли 2018 ва 16 - 17 майи 2019 конфронси сатҳи баланди мубориза бо терроризму экстремизм бо иштироки доираҳои васеи коршиносону мақомдорони давлатӣ баргузор шуда буд.
https://sputnik.tj/20221016/vazir-tojikiston-suriya-iroq-1052166544.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035594_131:0:2862:2048_1920x0_80_0_0_fc82bdf4b3ea50b8d144e2c733564a86.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамоиш, душанбе, терроризм
ҳамоиш, душанбе, терроризм
Баҳси терроризм: ҳамоиши намояндагони 50 кишвари ҷаҳон дар Душанбе
Душанбе барои бори сеюм аст, ки мизбони ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи мубориза бо терроризм бо иштироки намояндагони даҳҳо давлату созмонҳо мешавад
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Омодагӣ ба конфронси навбатии Душанбе - "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо" идома доранд.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳотам Қурбонов иттилоъ дод.
Ӯ изҳор доштаст, барои иштирок дар конфронси мазкур, ки 18 - 19 октябри соли равон дар назар аст, намояндагони зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон, инчунин роҳбарияти созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва дигарон дархост ирсол кардаанд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафҳои Конфронси зиддитеррористии Душанбе баррасии масоили марбут ба пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо, мудирияти муассири сарҳадот, иқдомоти зиддитеррористӣ ва пешбурди ҳамкорӣ мебошад.
"Мо, мунтазир ва омодаи таъмини иштироки фаъоли намояндагони кишварҳо, созмонҳо ва дигар алоқамандон мебошем",- таъкид намудаст Ҳотам Қурбонов.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан низ дар Тоҷикистон, аз ҷумла 3 - 4 майи соли 2018 ва 16 - 17 майи 2019 конфронси сатҳи баланди мубориза бо терроризму экстремизм бо иштироки доираҳои васеи коршиносону мақомдорони давлатӣ баргузор шуда буд.