Вазир: беш аз 400 тоҷикистонӣ аз Сурияю Ироқ баргардонда шуданд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкВизит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз чолиши рӯзафзуни терроризму экстремизми байналмилалӣ ҳушдор дода, ҷаҳониёнро ба баррасии масъала ба Душанбе хонд
ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. Дар доираи мубориза бо терроризму экстремизм Тоҷикистон беш аз 400 шаҳрвандашро аз Сурия ва Ироқ ба Ватан баргардондаст.
Ин нуктаро вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни муроҷиаташ ба ҷаҳониён дар арафаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо" баён дошт.
Вай гуфт, дар миёни бозгаштаҳо аз ҷумла занону кӯдакон қарор доранд, ки феълан ба ҳаёти осоишта баргаштаанд.
Сироҷиддин Муҳриддин барои баррасии масоили терроризму экстремизми байналмилалӣ шариконро ба конфронси Душанбе даъват намуд.
Флаги и эмблема Содружества Независимых Государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
ИДМ нақша дорад, алайҳи терроризм бо усули нав мубориза барад
Конфронси Душанбе таҳти унвони "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо" рӯзҳои 18 ва 19 октябр дар назар аст.
Зикри вазир аз баргардондани тоҷикистониҳо дар ҳолест, ки бори охир чунин як гуруҳ тобистони соли равон аз Сурия оварда шуданд.
ВУХ моҳи июл хабар дода буд, ки ҳавопаймо бо 146 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе фуруд омад.
Таъкид шуда буд, ки бо супориши бевоситаи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд, ки 42 нафарашон зан 104 нафар кӯдак мебошанд.
Илова гардид, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Сурия ба ватан саъю талош менамояд.
Лентаи хабарҳо
0