Станакзай: кишварҳои ҷаҳон муҳит зисти Афғонистонро тахриб карданд

© Фото : twitter account of Inamullah SamanganiЗаместитель министра иностранных дел Афганистана Аббас Станакзай
Заместитель министра иностранных дел Афганистана Аббас Станакзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2022
Обуна шудан
Мақомдори толиб мегӯяд, ки истифода аз борут, бомбҳо ва силоҳҳои мухталиф дар солҳои гузашта садамотеро ба мардуми ва муҳит зисти Афғонистон ворид кард
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Муовини сиёсии вазорати хориҷаи ҳукумати муваққати толибони Шермуҳамад Аббос Станакзай, кишварҳои ғарбиро муттаҳам ба тахриби муҳит зисти Афғонистон кард.
Оқои Станакзай дар барномаи ҳафтаи ҷаҳонии тағйирёбии иқлим дар Кобул гуфт, ки кишварҳои ҷаҳон дар тахриб муҳит зисти Афғонистон нақши бузургро бозӣ кардаанд.
Вай афзуд, дар Афғонистони Шуравии собиқ, НАТО ва Амрико аз силоҳҳои гуногун истифода кардаанд ва аз ҷаҳон хост то дар ин росто бо Афғонистон ҳамкорӣ кунад ва ин боиси тахриби муҳит зист Афғонистон шудааст.
Муовини сиёсии вазорати хориҷаи толибони истифода аз борут, маводи доруҳои дармонӣ, бомбҳо ва силоҳҳои мухталиф, дар 40 соли гузашта садамаи бузургиро ба саломатии шаҳрвандони Афғонистон ворид кардааст.
Паспорт гражданина Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2022
Шиносномаи Афғонистон бори дигар беарзиштарин дар ҷаҳон шинохта шуд
Дар охирин маврид Амрико модари бомбҳоро дар вилояти Нангарҳори Афғонистон озмоиш кард, ки мунҷар ба тахриби густарда муҳит зист дар ин ноҳия шудааст.
Аз тарафи дигари мулло муовини дувуми нахуствазири толибон Абдусалом Ҳанафӣ низ дар ин нишаст гуфтааст, ки набуд борандагӣ дар бахшҳои ҷануби шарқ, шимол ва шимоли ғарб бар иқлими ин минтақа таъсиргузор буда ва барои мардуми Афғонистон мушкилотиро ба вуҷуд овардааст.
Ин дар ҳолеаст, ки идораи миллии ҳифозат аз муҳит зисти Афғонистон низ гуфтааст, ки дар канори ҷангу ноамнӣ, олудагии ҳаво, обу хок, тағйири иқлим тахриби соҳоти сабз ва манобеи табиӣ, биёбонзоӣ, олудагии пластик, олудагиҳои савтӣ ва тавсеаи ғайриистандарти шаҳрҳо муҳит зист ин кишварро ба хатароти ҷаддӣ мувоҷеҳ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0