Шиносномаи Афғонистон бори дигар беарзиштарин дар ҷаҳон шинохта шуд

© PouyaПаспорт гражданина Афганистана
Паспорт гражданина Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2022
Обуна шудан
Дар тозатарин раддабандии паспортҳои ҷаҳон, ки ахиран нашр шудааст шиносномаи Афғонистон бори дигар дар қаъри ин ҷадвал қарор гирифта аст
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Дар раддабандии паспортҳои ҷаҳон, шиносномаи Афғонистон дар ҷойгоҳи 112 қарори гирифта ва беэътибортарин паспорти ҷаҳон шинохта шуд.
Ин раддабанди, ки аз сӯйи муассиса "Henley Global" анҷом шуда паспорти Ҷопон ба унвон боарзиштарин паспорт бо 193 имтиёз дар садри ҷадвали қарор гирифтааст.
Сингапур, Кореяи ҷанубӣ ва Олмон ба тартиб дар ҷойгоҳи дувум, сеюму чаҳоруми қарор гирифтааст.
Забиулла Муджахид, Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Толибон: Афғонистон макони амн барои сармоягузорӣ хориҷӣ аст
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин радабанди паспорти Тоҷикистон дар ҷой 83-юм қарор гирифтааст.
Дар ин ҷадвали Афғонистони пас аз Покистон, Сурия ва Ироқ дар ҷойгоҳи 112 дар қаъри қарор гирифтааст.
Паспорти Афғонистон дар солҳои гузашта низ беарзиштарин паспорти эълом шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки паспорти Афғонистон бо нишони ҳукумати соқитшудаи ин кишвар чоп мешавад. Бо гузашт беш аз як сол то акнун ҳукумати толибонро кишварҳои ҷаҳону маҷомеъи байни алмилалӣ ба расмият нашохтаанд.
Лентаи хабарҳо
0