https://sputnik.tj/20221017/sobyanin-anjomi-basij-maskav-1052182275.html
Собянин анҷоми басиҷ дар Маскавро эълон кард
Собянин анҷоми басиҷ дар Маскавро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Даъватномаҳое, ки ба ҷои истиқомат фиристода шудаанд, эътибор надоранд ва нуқтаҳои қабули шахсони сафарбаршуда дар пойтахти Русия баста шуданд
2022-10-17T16:25+0500
2022-10-17T16:25+0500
2022-10-21T15:31+0500
дар русия
амният ва мудофиа
басиҷ
сафарбарсозии нисбӣ
сергей собянин
анҷом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103114/74/1031147499_0:0:3055:1719_1920x0_80_0_0_5def55c6a3978117f950c1ebffe25299.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар Маскав басиҷи нисбӣ, ки аз 21 сентябр ба ин сӯ идома дошт, поён ёфт, хабар дод шаҳрдор, Сергей Собянин. Ба гуфтаи ӯ, даъватномаҳое, ки дар ҷараёни басиҷи нисбӣ ба маҳалли зисти даъватшавандагон ва корхонаҳо фиристода шудаанд, беэътибор эълон шуданд. Вай афзуд, нуқтаҳои сафарбарӣ дар шаҳр аз нисфирӯзи 17 октябр баста мешаванд. Қаблан президенти Русия Владимир Путин гуфта буд, ки тамоми фаъолиятҳои марбути басиҷи нисбӣ ҳудуди ду ҳафтаи дигар давом хоҳанд кард. Сарвари давлат таъкид кард, ки аз 300 ҳазор нафари пешбинишуда аллакай 222 ҳазор нафар сафарбар карда шуда, аз ҷониби Вазорати дифои Русия барои афзоиши шумораи даъватшавандаҳо пешниҳоде ироа нагардидааст. Маврид ба зикр аст, ки бо фармони президенти Русия аз 21 сентябри соли равон дар Русия басиҷи нисбӣ эълон шуд. Ба гуфтаи вазири дифоъ, Сергей Шойгу ин иқдом барои назорати 1000-километри хати баҳамоӣ дар манотиқи озодшуда дар Украина лозим аст.Шумораи даъватшавандаҳо ҳамагӣ ҳудуди як дарсад аз зарфияти нерӯҳои захиравии Русия арзёбӣ шудаст.
https://sputnik.tj/20221010/vatandust-khunuknazari-medvedev-basij-1052005640.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103114/74/1031147499_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_3956dd829ff63afcdacde744a0c768ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
анҷом, сафарбарсозӣ, нисбӣ, маскав
анҷом, сафарбарсозӣ, нисбӣ, маскав
Собянин анҷоми басиҷ дар Маскавро эълон кард
16:25 17.10.2022 (Навсозишуда: 15:31 21.10.2022) Даъватномаҳое, ки ба ҷои истиқомат фиристода шудаанд, эътибор надоранд ва нуқтаҳои қабули шахсони сафарбаршуда дар пойтахти Русия баста шуданд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар Маскав басиҷи нисбӣ, ки аз 21 сентябр ба ин сӯ идома дошт, поён ёфт, хабар дод шаҳрдор, Сергей Собянин.
Ба гуфтаи ӯ, даъватномаҳое, ки дар ҷараёни басиҷи нисбӣ ба маҳалли зисти даъватшавандагон ва корхонаҳо фиристода шудаанд, беэътибор эълон шуданд.
"Тибқи маълумоти комиссари ҳарбии шаҳри Маскав, нишондодҳои сафарбаркунии қисмӣ, ки дар асоси фармони раисиҷумҳур ва дастури вазорати дифоъ муқаррар шудаанд, пурра иҷро гардиданд", - гуфт Собянин.
Вай афзуд, нуқтаҳои сафарбарӣ дар шаҳр аз нисфирӯзи 17 октябр баста мешаванд.
Қаблан президенти Русия Владимир Путин гуфта буд, ки тамоми фаъолиятҳои марбути басиҷи нисбӣ ҳудуди ду ҳафтаи дигар давом хоҳанд кард.
Сарвари давлат таъкид кард, ки аз 300 ҳазор нафари пешбинишуда аллакай 222 ҳазор нафар сафарбар карда шуда, аз ҷониби Вазорати дифои Русия барои афзоиши шумораи даъватшавандаҳо пешниҳоде ироа нагардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки бо фармони президенти Русия аз 21 сентябри соли равон дар Русия басиҷи нисбӣ эълон шуд. Ба гуфтаи вазири дифоъ, Сергей Шойгу ин иқдом барои назорати 1000-километри хати баҳамоӣ дар манотиқи озодшуда дар Украина лозим аст.
Шумораи даъватшавандаҳо ҳамагӣ ҳудуди як дарсад аз зарфияти нерӯҳои захиравии Русия арзёбӣ шудаст.