https://sputnik.tj/20221010/vatandust-khunuknazari-medvedev-basij-1052005640.html
Ватандӯстӣ ҳам ҳасту хунукназарӣ низ: Медведев басиҷи нисбиро шарҳ дод
Ватандӯстӣ ҳам ҳасту хунукназарӣ низ: Медведев басиҷи нисбиро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар бораи ватандӯстӣ ва хунукназариҳо зимни амалисозии басиҷи нисбӣ дар кишвар изҳори назар кард
2022-10-10T10:20+0500
2022-10-10T10:20+0500
2022-10-10T10:20+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
низомӣ
дмитрий медведев
басиҷ
сафарбарсозии нисбӣ
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045763845_0:0:2763:1554_1920x0_80_0_0_2138d546fbb508672ad463011e709f78.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев сафарбаркунии қисмӣ дар кишварро кафолати пирӯзӣ номид. Ӯ ин нуктаро зимни шарҳи раванди сафарбаркунӣ дар суҳбат бо рӯзноманигор аз Донбасс баён дошт. Медведев изҳор доштаст, сафарбаркунии қисмӣ дар Русия ҳамон тавре сурат гирифта истодааст, ки метавонад дар кишваре сурат бигирад, ки дар 80 соли охир чунин маърака надоштаст. Аммо муҳимтар аз ҳама, ба гуфтаи ӯ, ин аст, ки Русия барои дифоъ муттаҳид шудааст ва ин калиди ғалабаи бебаҳс аст. Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин рӯзи 21 сентябр дар паёми худ ба шаҳрвандон гуфта буд, ки артиши кишвар бо тамоми мошини низомии дастаҷамъии Ғарб муқовимат мекунад. Ӯ ин нуктаро зимни зарурати басиҷи нисбӣ баён дошта, илова намуд, ки дар доираи ин маърака пеш аз ҳама онҳое, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хидмат кардаанд, таҷриба ва ихтисоси ҳарбӣ доранд, ҷалб карда мешаванд. Ба иттилои мақомоти Русия, дар маҷмуъ ҷалби ҳудуди 300 ҳазор нафар аз ҳайати захиравӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳудуди 1% аз теъдоди умумии нерӯҳои захиравиро ташкил медиҳад. Фиристодани сафарбаршудаҳо ба минтақаи амалиёти низомӣ танҳо пас аз тамриноту ҳамоҳангии ҷангӣ ҳамроҳ бо воҳидҳое сурат мегирад, ки аллакай дар ин амалиёт иштирок кардаанд.
https://sputnik.tj/20221009/seyak-hayati-shakhsi-nobud-ukraina-1052001663.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045763845_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_c18422bfcdc93cdab4ef489d0ac82114.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
медведев, басиҷ, нисбӣ, шарҳ
медведев, басиҷ, нисбӣ, шарҳ
Ватандӯстӣ ҳам ҳасту хунукназарӣ низ: Медведев басиҷи нисбиро шарҳ дод
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар бораи ватандӯстӣ ва хунукназариҳо зимни амалисозии басиҷи нисбӣ дар кишвар изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев сафарбаркунии қисмӣ дар кишварро кафолати пирӯзӣ номид.
Ӯ ин нуктаро зимни шарҳи раванди сафарбаркунӣ дар суҳбат бо рӯзноманигор аз Донбасс баён дошт.
Медведев изҳор доштаст, сафарбаркунии қисмӣ дар Русия ҳамон тавре сурат гирифта истодааст, ки метавонад дар кишваре сурат бигирад, ки дар 80 соли охир чунин маърака надоштаст.
"Дар ин раванд ватандӯстии ҳақиқӣ, эҳсосоти инсонӣ ва ҳамчунин хунукназариҳои муқаррарӣ ҷой доранд", - гуфт ноиби раиси Шӯрои амният.
Аммо муҳимтар аз ҳама, ба гуфтаи ӯ, ин аст, ки Русия барои дифоъ муттаҳид шудааст ва ин калиди ғалабаи бебаҳс аст.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин рӯзи 21 сентябр дар паёми худ ба шаҳрвандон гуфта буд, ки артиши кишвар бо тамоми мошини низомии дастаҷамъии Ғарб муқовимат мекунад.
Ӯ ин нуктаро зимни зарурати басиҷи нисбӣ баён дошта, илова намуд, ки дар доираи ин маърака пеш аз ҳама онҳое, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хидмат кардаанд, таҷриба ва ихтисоси ҳарбӣ доранд, ҷалб карда мешаванд.
Ба иттилои мақомоти Русия, дар маҷмуъ ҷалби ҳудуди 300 ҳазор нафар аз ҳайати захиравӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳудуди 1% аз теъдоди умумии нерӯҳои захиравиро ташкил медиҳад.
Фиристодани сафарбаршудаҳо ба минтақаи амалиёти низомӣ танҳо пас аз тамриноту ҳамоҳангии ҷангӣ ҳамроҳ бо воҳидҳое сурат мегирад, ки аллакай дар ин амалиёт иштирок кардаанд.