Салоҳияти прокурорҳои Тоҷикистон дар нисбати судҳо васеъ шуд: шарҳи вакил

© Фото : Пресс служба Президента ТаджикистанаНазначенные новые прокуроры в РТ
Назначенные новые прокуроры в РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2022
Обуна шудан
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба қонуни кишвар дар бораи мақомоти прокуратураро, ки ахиран қабул шуданд, тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Ваколати прокуророни Тоҷикистон барои эътироз овардан ба ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, васеъ карда шуд.
Ин нуктаро аз қавли узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ нашрияи парлумонии "Садои мардум" овардааст.
Ба гуфтаи Зиёӣ, бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи прокуратураи Тоҷикистон, ки ахиран қабул шуд, додситонҳои кишвар аз салоҳиятҳои ҷадид бархӯрдор шуданд.
Аз ҷумла ба муовини якум ва муовинони прокурори генералии Тоҷикистон салоҳияти эътирооз овардан нисбати ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори ҳамаи судҳо, ба истиснои қарорҳои Пленум ва раёсатҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ дода шудаст.
Генпрокурор Таджикистана Юсуф Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Парлумон аз Раҳмон хост, пеши иштироки тоҷикистониён дар муқовимати дигар кишварҳоро гирад
Ҳамчунин прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо нисбати ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори судҳои вилояту шаҳру навоҳӣ метавонанд эътироз оранд.
Дар бахш истисно танҳо қарорҳои раёсатҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе мебошанд.
Дар зимн таъкид шудаст, ки ташаббускори тағйироти мазкур аъзои Маҷлиси миллӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Фарҳод Раҳимӣ, Дилшод Раҳмон ва ду вакили Маҷлиси намояндагон мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0