https://sputnik.tj/20221017/safir-nav-rusiya-dushanbe-oghoz-1052175396.html
Сафири навтаъйини Русия ба Душанбе омад
Сафири навтаъйини Русия ба Душанбе омад
Sputnik Тоҷикистон
Семён Григорев дар мақоми сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин - Фроловро иваз карда, аллакай ба фаъолият оғоз намудаст
2022-10-17T13:20+0500
2022-10-17T13:20+0500
2023-02-08T19:45+0500
сафир
сиёсат
дипломат
душанбе
ҳамкорӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/11/1052173596_0:12:3056:1730_1920x0_80_0_0_21f81081b4e407a97bb2a24ee3f570e3.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев аллакай дар Душанбе қарор дорад. Ба итилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, Григорев фаъолияташро дар мақоми нав дар Душанбе аз 17 октябр оғоз кард. Маврид ба зикр аст, ки фармони таъйини Григорев ба мақоми сафир ва барканории Лякин-Фроловро аз ин вазифа раисҷумҳури Русия, Владимир Путин моҳи августи соли равон имзо карда буд. Бар асоси ҳолномааш, Григорев соли 1960 дар Маскав таваллуд шуда, забонҳои форсӣ, пашту ва англисиро балад аст.Сафири навтаъйин хатмкардаи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав буда, қаблан ҳамчун мушовири сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор кардааст.Ҳамчунин ӯ дар вазифаҳои мушовири сафорати Русия дар Афғонистону Эрон низ фаъолият доштааст. Семён Григорев аз соли 2008 то 2018 нахустин сафири Русия дар Абхазистон баъди эътирофи ин кишвар аз ҷониби Маскав буд. Аз моҳи августи соли 2018 то таъйиноти нав мудири Департаменти равобит бо субъектҳои Федератсия, парлумон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати умури хориҷии Русия буд.
https://sputnik.tj/20220731/tanho-rohbar-ustod-frolov-khayr-1050379725.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/11/1052173596_143:0:2874:2048_1920x0_80_0_0_2e5a71befed07cd1ebc2f12b04b4c2cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
григорев, сафир, тоҷикистон, оғоз
григорев, сафир, тоҷикистон, оғоз
Сафири навтаъйини Русия ба Душанбе омад
13:20 17.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Семён Григорев дар мақоми сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро иваз карда, аллакай ба фаъолият оғоз намудаст
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев аллакай дар Душанбе қарор дорад.
Ба итилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, Григорев фаъолияташро дар мақоми нав дар Душанбе аз 17 октябр оғоз кард.
Маврид ба зикр аст, ки фармони таъйини Григорев ба мақоми сафир ва барканории Лякин-Фроловро аз ин вазифа раисҷумҳури Русия, Владимир Путин моҳи августи соли равон имзо карда буд.
Бар асоси ҳолномааш, Григорев соли 1960 дар Маскав таваллуд шуда, забонҳои форсӣ, пашту ва англисиро балад аст.
Сафири навтаъйин хатмкардаи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав буда, қаблан ҳамчун мушовири сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор кардааст.
Ҳамчунин ӯ дар вазифаҳои мушовири сафорати Русия дар Афғонистону Эрон низ фаъолият доштааст.
Семён Григорев аз соли 2008 то 2018 нахустин сафири Русия дар Абхазистон баъди эътирофи ин кишвар аз ҷониби Маскав буд. Аз моҳи августи соли 2018 то таъйиноти нав мудири Департаменти равобит бо субъектҳои Федератсия, парлумон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати умури хориҷии Русия буд.