https://sputnik.tj/20221017/rahmon-dushanbe-krokus-fitnes-1052176129.html
Раҳмон дар Душанбе "Крокус фитнес" ифтитоҳ кард
Раҳмон дар Душанбе "Крокус фитнес" ифтитоҳ кард
Sputnik Тоҷикистон
Маҷмааи варзишӣ бо масоҳати беш аз 7500 метри мураббаъ дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз карда, дар як вақт метавонанд 2,5 ҳазор нафар дар он тамрин кунанд
2022-10-17T14:00+0500
2022-10-17T14:00+0500
2022-10-17T14:00+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
варзишгар
клуб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/08/1032590523_0:12:2921:1655_1920x0_80_0_0_fad9650dd30cdcc2f8afb1b65c55e1f9.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ Клуби инноватсионӣ ва фитнеси "Крокус фитнес"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти риасҷумҳури Тоҷикистон, иншооти мазкур бо назардошти талаботҳои муосир бунёд гардида, бо тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.Таъкид гардидаст, ки масоҳати бинои "Крокус фитнес" 7500 метри мураббаъро ташкил дода, он бахшҳои гуногуни машқу тамрин ва нигоҳдории солимиву зебоиро дар бар мегирад. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки дар Клуби инноватсионӣ ва фитнес бештар аз 100 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд. Зикр шудаст, ҳамаи кормнадон давоми чанд моҳ аз курсҳои бозомӯзӣ, ки бо иштироки мутахассисони соҳибмалака доир гардида буд, гузаштаанд."Крокус фитнес" шабакаи бузурги клубҳои инноватсионии фитнесиро дар кишварҳои мухталиф дар бар гирифта, ифтитоҳи он дар шаҳри Душанбе аввалин дар минтақа арзёбӣ шудаст.
https://sputnik.tj/20220819/peshnihod-bozbini-bakhsh-varzish-tojikiston-1050823064.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/08/1032590523_95:0:2826:2048_1920x0_80_0_0_4029bd2fae87b7ceaf6bf2fc5d039e74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ифтитоҳ, маҷмаа, варзишӣ, душанбе
ифтитоҳ, маҷмаа, варзишӣ, душанбе
Раҳмон дар Душанбе "Крокус фитнес" ифтитоҳ кард
Маҷмааи варзишӣ бо масоҳати беш аз 7500 метри мураббаъ дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз карда, дар як вақт метавонанд 2,5 ҳазор нафар дар он тамрин кунанд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ Клуби инноватсионӣ ва фитнеси "Крокус фитнес"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти риасҷумҳури Тоҷикистон, иншооти мазкур бо назардошти талаботҳои муосир бунёд гардида, бо тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
"Аз ҷумла, дар як вақт дар ин иншоот бештар аз 2 ҳазору 500 нафар метавонанд, ба навъҳои гуногуни варзиш машғул шаванд ва бо онҳо мураббиёни ботаҷрибаву таҳсилдида машғулият мегузаронанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардидаст, ки масоҳати бинои "Крокус фитнес" 7500 метри мураббаъро ташкил дода, он бахшҳои гуногуни машқу тамрин ва нигоҳдории солимиву зебоиро дар бар мегирад.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки дар Клуби инноватсионӣ ва фитнес бештар аз 100 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд. Зикр шудаст, ҳамаи кормнадон давоми чанд моҳ аз курсҳои бозомӯзӣ, ки бо иштироки мутахассисони соҳибмалака доир гардида буд, гузаштаанд.
"Крокус фитнес" шабакаи бузурги клубҳои инноватсионии фитнесиро дар кишварҳои мухталиф дар бар гирифта, ифтитоҳи он дар шаҳри Душанбе аввалин дар минтақа арзёбӣ шудаст.