https://sputnik.tj/20221017/geyt-hamkori-tolibho-oghoz-kardast-1052173144.html
Гейтс ҳамкорӣ бо толибҳоро оғоз кардаст
Гейтс ҳамкорӣ бо толибҳоро оғоз кардаст
Sputnik Тоҷикистон
Миллиардери амрикоӣ тавзеҳ дод, ки чаро бо ҳукумати муваққати Афғонистон ҳамкорӣ карданро оғоз кардаасту ба кадом корҳои дигар омода аст
2022-10-17T12:00+0500
2022-10-17T12:00+0500
2022-10-17T12:00+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
афғонистон
билл гейтс
фалаҷи атфол
бемор
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101560/95/1015609516_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_df45cf11dd7b2fde7d886e2ec8538b53.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Бунёди хайрияи Билл ва Мелинда Гейтс ба ҳамкорӣ бо толибҳо дар Афғонистон шурӯъ кардаст, хабар дод "The Telegraph". Ба гуфтаи сармоядори калони амрикоӣ, муассиси "Microsoft", ӯ ба ҳукумати муваққати Афғонистон дар мубориза бо фалаҷи атфол кумак мекунад. Гейтс изҳор доштаст, ки шарикони бунёди ӯ дар Қатар бо толибҳо мулоқот карданд ва дар он ҷо барои ҳамкорӣ мувофиқат намудаанд. Дар сӯҳбат бо нашрия миллиардер қайд кард, ки ӯ намедонад, ин мавзӯъ махфӣ аст ё не. Миллиардери амрикоӣ ҳамчунин ба ин суол, ки оё худи ӯ барои мулоқот бо ҷангҷӯёни толибҳо омода аст, посухи мустақим надодааст. "Ман барои кумак ба маъракаи аз байн бурдани фалаҷи атфол ба бисёр кор қодирам. Ин авлавияти кори бунёд аст", - афзуд Гейтс. Вай ҳамчунин эълом кард, ки барои мубориза бо фалаҷи атфол дар саросари ҷаҳон 1,2 млрд доллари изофӣ ихтисос хоҳад дод. Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2007 инҷониб Бунёди Гейтс ба ин ҳадафҳо 5 млрд доллар хайрия кардааст. Вазъи соҳаи тандурустии Афғонистон бинобар нарасидани доруҳои зарурӣ ва нарасидани мутахассисон муташанниҷ боқӣ мемонад. Эмкунӣ бар зидди фалаҷи атфол яке аз мушкилоти аслӣ дар кишвар боқӣ мемонад. Ҳоло дар Афғонистон беш аз 3 млн кӯдак ба моякӯбии зидди ин беморӣ дастрасӣ надоранд.
https://sputnik.tj/20220814/baloi-nav-kudakoni-afghoniston-surkhak-1050711214.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101560/95/1015609516_201:0:1469:951_1920x0_80_0_0_3b87b84c410d40cabd667aaee88297a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
билл гейтс, ҳамкорӣ, толибҳо, шарҳ
билл гейтс, ҳамкорӣ, толибҳо, шарҳ
Гейтс ҳамкорӣ бо толибҳоро оғоз кардаст
Миллиардери амрикоӣ тавзеҳ дод, ки чаро бо ҳукумати муваққати Афғонистон ҳамкорӣ карданро оғоз кардаасту ба кадом корҳои дигар омода аст
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Бунёди хайрияи Билл ва Мелинда Гейтс ба ҳамкорӣ бо толибҳо дар Афғонистон шурӯъ кардаст, хабар дод "The Telegraph".
Ба гуфтаи сармоядори калони амрикоӣ, муассиси "Microsoft", ӯ ба ҳукумати муваққати Афғонистон дар мубориза бо фалаҷи атфол кумак мекунад.
Гейтс изҳор доштаст, ки шарикони бунёди ӯ дар Қатар бо толибҳо мулоқот карданд ва дар он ҷо барои ҳамкорӣ мувофиқат намудаанд. Дар сӯҳбат бо нашрия миллиардер қайд кард, ки ӯ намедонад, ин мавзӯъ махфӣ аст ё не.
Миллиардери амрикоӣ ҳамчунин ба ин суол, ки оё худи ӯ барои мулоқот бо ҷангҷӯёни толибҳо омода аст, посухи мустақим надодааст.
"Ман барои кумак ба маъракаи аз байн бурдани фалаҷи атфол ба бисёр кор қодирам. Ин авлавияти кори бунёд аст", - афзуд Гейтс.
Вай ҳамчунин эълом кард, ки барои мубориза бо фалаҷи атфол дар саросари ҷаҳон 1,2 млрд доллари изофӣ ихтисос хоҳад дод.
Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2007 инҷониб Бунёди Гейтс ба ин ҳадафҳо 5 млрд доллар хайрия кардааст.
Вазъи соҳаи тандурустии Афғонистон бинобар нарасидани доруҳои зарурӣ ва нарасидани мутахассисон муташанниҷ боқӣ мемонад.
Эмкунӣ бар зидди фалаҷи атфол яке аз мушкилоти аслӣ дар кишвар боқӣ мемонад. Ҳоло дар Афғонистон беш аз 3 млн кӯдак ба моякӯбии зидди ин беморӣ дастрасӣ надоранд.