Балои нав бар сари тифлони Афғонистон: сурхак ҷони наздик ба 30 кӯдакро гирифт

© Sputnik / Саид Закерия / Гузариш ба медиабонкБеженцы из зоны боевых действий в Афганистане
Беженцы из зоны боевых действий в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2022
Обуна шудан
Раиси бахши кӯдакони яке аз бемористонҳои Қандаҳори Афғонистон мегӯяд, ба далели набудани имконоти беҳдоштӣ дар ин вилоят бемории сурхак ҷони кӯдаконро мегирад
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ба иттилои манобеъ аз бемористони дар Қандаҳор густариши бемории сурхак дар ин вилоят дар се моҳи гузашта ҷони 29 кидакро гирифта аст, иттилоъ додааст хабаргузории Садои Хуросон.
Муҳаммад Сидиқ, раиси бахши кудакони яке аз бемористонҳои Қандаҳор зимни эъломи ин омор афзудааст, ки дар се моҳи ахир 487 кӯдаки мубтало ба сурхак дар ин бемористон бистари шуданд.
Дар ҳоле, ки волидайн ҳатто қодир ба таъмини ғизои кофӣ барои фарзандони худ нестанд ин пизишки афғон далели афзоиши талафоти кӯдакони мубтало ба сурхакро худдори хонаводаҳо аз интиқоли фарзандонашон ба бемористон тавсиф карданд.
Созмони кумакрасонии исломӣ дирӯз зимни ҳушдор дар бораи буҳрони инсонӣ дар Афғонистон хостори тағири руйкарди ҷаҳонӣ дар қиболи ин кишвар шуд.
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Кӯдакон дар Афғонистон ба далели гаронии маводи ғизоӣ гурусна мехобанд
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мақомоти вилояти Ҳилманди Афғонистон аз 120 ҳолати нави беморшавӣ ба вабо хабар дода буд.
Ҳамаи ҳолатҳои гирифторӣ ба вабо то кунун дар вулусволии Багром ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи хабарҳо аллакай чандин бемор ҷон аз даст доданд ва миёни онҳо кӯдакон низ буданд.
Вабо як бемории шадиди сироятӣ мебошад, ки организми инсонро аз об хушк ммекунад. Давраи инкубатсионии беморӣ аз якчанд соат то панҷ рӯзро дарбар мегирад.
Бояд гуфт, ки дар Афғонистон алъон бемории обилаи ҳамдуна ё сурхакони маймун низ роҳ ёфтааст. Ин маризир ба вилояти Нимрӯзи Афғонистон ду ҷавон аз Эрон оварданд.
Бемории обчакони ҳамдуна ё обилаи маймун низяк маризии нодирест, ки одамонро сироят мекунад. Беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкилӣ паси сар кунанд.
Лентаи хабарҳо
0