Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон 325 доллар қарздор аст

© Pixabay / Доллары
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Обуна шудан
Ҳаҷми қарзи хориҷии ҷумҳурӣ маълум шуд: ҳоло тибқи маълумоти охирин, ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 325 доллар қарз рост меояд
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 3 миллиарду 200 миллион долларро ташкил додааст, дар ҳоле ки як моҳ пеш он 3,7 миллиард доллар эълон шуда буд.
Ҳамин тариқ, аз руи маълумотҳои оморӣ аҳолии ҷумҳурӣ то имрӯз 10 миллион нафар аст.
Агар қарзи беруниро ба сари ахолии кишвар таксим кунем, пас ба ҳар як сокини кишвар 325 доллар рост меояд.
Дар мавриди қарзи давлатӣ дар ин муддат он 3,1 миллиард доллар ташкил додааст.
Қарзҳои аз ҷониби давлат кафолат додашуда 144 миллион долларро ташкил дод.
Қаблан Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар зимни шарҳи ҳаҷми 3,7 миллиард доллар қарз таъкид карда буд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 зиёдтар аст.
Город Душанбе сверху - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Таҳияи садҳо ҳазор ҷойи кору тағйири симои шаҳру навоҳӣ: ифшои нақшаи панҷсолаи Тоҷикистон
Қарзи дохилӣ 460 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ 46,3 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи вазир, чунин нишондодҳо ба меъёрҳои мавҷуда, санадҳои стратегӣ ва тавсияҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ мувофиқат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки қарзи хориҷии кишвар ин ӯҳдадориҳои умумии пулии давлат мебошад, ки бо ифодаи пулӣ ифода ёфта, бояд дар санаи муайян ба кредиторони хориҷӣ баргардонида шаванд.
Ин қарзи умумии қарзҳои беруна ва фоизҳои пардохтнашудаи онҳо мебошад.
Лентаи хабарҳо
0