Хатари бесобиқа дар 60 сол: Маск хост, башарият худро бо силоҳи ҳастаӣ нишон нагирад

© AFP 2023 / Patrick Pleul Генеральный директор Tesla Илон Маск на открытии производства Tesla в Грюнхайде
Генеральный директор Tesla Илон Маск на открытии производства Tesla в Грюнхайде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2022
Обуна шудан
Соҳибкори амрикоӣ аз хатари корбурди силоҳи ҳастаӣ ҳушдор дод, ки ба гуфтаи ӯ метавонад қариб тамоми ҳаётро дар рӯи замин аз байн барад
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Соҳибкори амрикоӣ Илон Маск пешниҳод кард, ки башарият худро дигар бо силоҳи ҳастаӣ ҳадаф қарор надиҳад.
Вай дар саҳифааш дар "Twitter" ҳушдор дод, ки башарият феълан дар рӯбарӯи хатари баланди истифодаи силоҳи ҳастаӣ тайи 60 соли охир қарор дорад.

"Хуб мешуд, агар рӯзе инсоният аз ҳадафи силоҳи ҳастаӣ қарор додани худ даст кашад, ки тақрибан тамоми ҳаёти рӯи заминро несту нобуд мекунад", - изҳор дошт ӯ.

Вай ҳамчунин таъкид намудаст, ки Русия давоми 30 дақиқа тавони нобуд кардани Аврупою Амрикоро дорад ва баръакс. Маск изҳори ҳайрат кардаст, ки теъдоди хеле ками одамон инро медонанд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Маск навишт, ки ба имкони пирӯзии Украина дар сурати ҷанги густарда бо Русия шубҳа дорад ва ҷонибҳоро ба сулҳ даъват кардааст.
Автомобильное движение на Кремлевской набережной в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Истиқболи Кремл аз талоши Маск барои созиш миёни Киеву Маскав
Вай инчунин дидгоҳи худро дар бораи ҳалли низоъ дар Украина пешниҳод кард. Дар баробари раъйдиҳии такрорӣ дар Донбасс таҳти назорати СММ Маск нигоҳ доштани Қримро ҳамчун "як қисми расмии Русия, чуноне аз соли 1783 то хатои Хрушёв буд, пешниҳод кард.
Кафолати обтаъминкунии Қрим ва мақоми бетарафии Украина аз бандҳои дигари дидгоҳи ӯ буданд.
Лентаи хабарҳо
0