https://sputnik.tj/20221004/istiqbol-kreml-mask-kiev-maskav-1051875909.html
Истиқболи Кремл аз талоши Маск барои созиш миёни Киеву Маскав
Истиқболи Кремл аз талоши Маск барои созиш миёни Киеву Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Кремл талош барои даст ёфтан ба созишро падидаи нек арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки Русия аз аввал ҷонибдори ҳалли масоил бо музокирот буд
2022-10-04T18:30+0500
2022-10-04T18:30+0500
2022-10-04T18:30+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
кремл
илон маск
пешниҳод
тарҳ
созиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103138/80/1031388070_0:0:3085:1736_1920x0_80_0_0_ebb12d87430764638f869c99383c2b9a.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Мусбат аст, ки шахсе ба мисли соҳибкори амрикоӣ ва муассиси "Tesla" ва "SpaceX" Илон Маск роҳҳои ҳалли осоиштаи вазъ дар атрофи Украинаро меҷӯяд. Ин нуктаро сухангӯи раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков баён дошта, афзуд, бар хилофи бисёре аз дипломатҳои касбӣ, Маск кӯшиш мекунад, ки роҳҳои расидан ба сулҳро ҷустуҷӯ кунад. "Воқеан, хеле мусбат аст, ки марде мисли Илон Маск роҳи осоиштаи раҳоӣ аз вазъро меҷӯяд", - изҳор дошт Песков. Ба гуфтаи намояндаи Кремл дар пешниҳодҳои Маск бандҳои ҷолиб ҳастанд, ба истиснои раъйдиҳии такрорӣ дар Донбассу вилоёти Херсону Запороже, ки аллакай мардум раъйи худро доданд. Маврид ба зикр аст, ки ахиран Маск навишт, ки ба имкони пирӯзии Украина дар сурати ҷанги густарда бо Русия шубҳа дорад ва ҷонибҳоро ба сулҳ даъват кардааст.Вай инчунин дидгоҳи худро дар бораи ҳалли низоъ дар Украина пешниҳод кард. Дар баробари раъйдиҳии такрорӣ дар Донбасс таҳти назорати СММ Маск нигоҳ доштани Қримро ҳамчун "як қисми расмии Русия, чуноне аз соли 1783 то хатои Хрушёв буд, пешниҳод кард.Кафолати обтаъминкунии Қрим ва мақоми бетарафии Украина аз бандҳои дигари дидгоҳи ӯ буданд. Вай изҳори итминон кард, ки ҷанги густурда бо Русия бар зарари Украина ва тамоми ҷаҳон мебошад.
https://sputnik.tj/20221004/shoygu-safarbarshuda-artish-1051871480.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103138/80/1031388070_68:0:2799:2048_1920x0_80_0_0_12d6e35de57f71610bac3e5b0609dd4c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вокуниш, маск, кремл, сулҳ
вокуниш, маск, кремл, сулҳ
Истиқболи Кремл аз талоши Маск барои созиш миёни Киеву Маскав
Намояндаи Кремл талош барои даст ёфтан ба созишро падидаи нек арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки Русия аз аввал ҷонибдори ҳалли масоил бо музокирот буд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Мусбат аст, ки шахсе ба мисли соҳибкори амрикоӣ ва муассиси "Tesla" ва "SpaceX" Илон Маск роҳҳои ҳалли осоиштаи вазъ дар атрофи Украинаро меҷӯяд.
Ин нуктаро сухангӯи раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков баён дошта, афзуд, бар хилофи бисёре аз дипломатҳои касбӣ, Маск кӯшиш мекунад, ки роҳҳои расидан ба сулҳро ҷустуҷӯ кунад.
"Воқеан, хеле мусбат аст, ки марде мисли Илон Маск роҳи осоиштаи раҳоӣ аз вазъро меҷӯяд", - изҳор дошт Песков.
Ба гуфтаи намояндаи Кремл дар пешниҳодҳои Маск бандҳои ҷолиб ҳастанд, ба истиснои раъйдиҳии такрорӣ дар Донбассу вилоёти Херсону Запороже, ки аллакай мардум раъйи худро доданд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Маск навишт, ки ба имкони пирӯзии Украина дар сурати ҷанги густарда бо Русия шубҳа дорад ва ҷонибҳоро ба сулҳ даъват кардааст.
Вай инчунин дидгоҳи худро дар бораи ҳалли низоъ дар Украина пешниҳод кард. Дар баробари раъйдиҳии такрорӣ дар Донбасс таҳти назорати СММ Маск нигоҳ доштани Қримро ҳамчун "як қисми расмии Русия, чуноне аз соли 1783 то хатои Хрушёв буд, пешниҳод кард.
Кафолати обтаъминкунии Қрим ва мақоми бетарафии Украина аз бандҳои дигари дидгоҳи ӯ буданд. Вай изҳори итминон кард, ки ҷанги густурда бо Русия бар зарари Украина ва тамоми ҷаҳон мебошад.