https://sputnik.tj/20221005/rahbar-chin-hamkori-tojikiston-tavajjuh-1051888604.html
Раҳбари Чин гуфт, ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус медиҳад
Раҳбари Чин гуфт, ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон бо дарназардошти шароити миллии худ роҳи рушдро пеш гирифт ва дар ҷодаи бунёди давлатдорӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид, гуфт роҳбари Чин
2022-10-05T10:50+0500
2022-10-05T10:50+0500
2022-10-05T10:50+0500
чин
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
президент
си ҷинпин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051452079_0:0:3047:1714_1920x0_80_0_0_a3e3d4a077419176d83cabcd70b71bc2.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Раиси ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дурнамои ҳамкориҳо гуфт. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон,Ҷинпин Раҳмонро ба муносибати 70-солагиаш шодбош гуфта, таманниёти беҳтарини худро арз намудаст. Ба гуфтаи роҳбари Чин, таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон бо дарназардошти шароити миллии худ роҳи рушдро пеш гирифт . Ӯ таъкид намудаст, ки Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди давлатдорӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид. Ба сифати ҳамсояи дӯст ва шарики ҳамаҷонибаи стратегӣ Чин аз ин сидқан хушҳол аст, афзудаст ӯ. Ҷинпин изҳори итминон кардаст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин ҳамеша суръати хуби рушди худро нигоҳ медоранд. Вай зикр намудаст, ки аз ибтидои ҳамин сол, ба мақсади баровардани робитаҳои Чину Тоҷикистон ба марҳилаи нав дар иртибот ба муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор анҷом дода мешаванд. "Ман ба рушди робитаҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти бузург зоҳир намуда, муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстии наздики шахсиамонро қадр мекунам", - изҳор дошт Ҷинпин. Вай изҳори омодагӣ кардааст, ки барои мусоидат ба пешбурди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Чину Тоҷикистон ба нафъи ду кишвар ва мардумони онҳо саъю кушиши муштарак ба харҷ диҳад.
https://sputnik.tj/20221005/putin-tamanniyot-rahmon-tojikistoniyon-1051887728.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051452079_160:0:2889:2047_1920x0_80_0_0_ffee00bddcd60a616bb1ad4cf2609a61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавсиф, роҳбар, чин, пешрафт, тоҷикистон
тавсиф, роҳбар, чин, пешрафт, тоҷикистон
Раҳбари Чин гуфт, ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус медиҳад
Тоҷикистон бо дарназардошти шароити миллии худ роҳи рушдро пеш гирифт ва дар ҷодаи бунёди давлатдорӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид, гуфт роҳбари Чин
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Раиси ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дурнамои ҳамкориҳо гуфт.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон,Ҷинпин Раҳмонро ба муносибати 70-солагиаш шодбош гуфта, таманниёти беҳтарини худро арз намудаст.
Ба гуфтаи роҳбари Чин, таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон бо дарназардошти шароити миллии худ роҳи рушдро пеш гирифт . Ӯ таъкид намудаст, ки Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди давлатдорӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид.
Ба сифати ҳамсояи дӯст ва шарики ҳамаҷонибаи стратегӣ Чин аз ин сидқан хушҳол аст, афзудаст ӯ. Ҷинпин изҳори итминон кардаст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин ҳамеша суръати хуби рушди худро нигоҳ медоранд.
Вай зикр намудаст, ки аз ибтидои ҳамин сол, ба мақсади баровардани робитаҳои Чину Тоҷикистон ба марҳилаи нав дар иртибот ба муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор анҷом дода мешаванд.
"Ман ба рушди робитаҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти бузург зоҳир намуда, муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстии наздики шахсиамонро қадр мекунам", - изҳор дошт Ҷинпин.
Вай изҳори омодагӣ кардааст, ки барои мусоидат ба пешбурди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Чину Тоҷикистон ба нафъи ду кишвар ва мардумони онҳо саъю кушиши муштарак ба харҷ диҳад.