https://sputnik.tj/20221015/rahmon-erdughon-noma-hamdardi-firistod-1052159618.html
Раҳмон ба Эрдуғон номаи ҳамдардӣ фиристод
Раҳмон ба Эрдуғон номаи ҳамдардӣ фиристод
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари давлат дар номаи худ ба пайвандони қурбониён сабри ҷамил хост ва ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳар чӣ зудтар таманно кард 15.10.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-10-15T18:08+0500
2022-10-15T18:08+0500
2022-10-15T18:12+0500
дар тоҷикистон
туркия
эмомалӣ раҳмон
раҷаб тайиб эрдуғон
сиёсат
нома
ҳамдардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044462011_0:0:3207:1804_1920x0_80_0_0_290fb05c6aaeb31ee24652c3e7918a01.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои турки худ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон номаи ҳамдардӣ ирсол кард.Дар ин бора котиботи роҳбари давлат хабар дода, матни ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмонро нашр намуданд.Дар паёми тасаллият Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиш дар кони ангишт боиси андӯҳи ӯ гардид.Дар идома ӯ ба пайвандони қурбониёни ин ҳодисаи фоҷиабор сабри ҷамил ва ҳамчунин ба конканҳое, ки осеб диданд шифои ҳар чӣ зудтар таманно кард.Ёдовар мешавем, ки бегоҳи 14 октябр дар кони ангишти музофоти Бартин садама сар зад, ки дар натиҷа 40 нафар ҷон бохтанд.Вазорати умури дохилаи ин кишвар хабар дод, ки дар самани сар задани таркиш дар умқи 300 метр зери замин ҳудуди 115 нафар қарор доштанд, ки аксари онҳоро зинда аз он ҷо берун оварданд.Эрдуғон дар робита ба ҳодисаи мудҳиш изҳор дошт, ки мақомоти марбута иллати сар задани ин ҳодисаи фоҷиаборро таҳқиқ мекунанд.
https://sputnik.tj/20221015/tedod-qurboniyon-fojia-kon-angisht-turkiya-afzud-1052152673.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044462011_234:0:2965:2048_1920x0_80_0_0_8b6fb022d96fd26a26df2ef2ffb70a9d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, туркия, эмомалӣ раҳмон, раҷаб тайиб эрдуғон, сиёсат , нома, ҳамдардӣ
дар тоҷикистон, туркия, эмомалӣ раҳмон, раҷаб тайиб эрдуғон, сиёсат , нома, ҳамдардӣ
Раҳмон ба Эрдуғон номаи ҳамдардӣ фиристод
18:08 15.10.2022 (Навсозишуда: 18:12 15.10.2022) Роҳбари давлат дар номаи худ ба пайвандони қурбониён сабри ҷамил хост ва ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳар чӣ зудтар таманно кард
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои турки худ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон номаи ҳамдардӣ ирсол кард.
Дар ин бора котиботи роҳбари давлат хабар дода, матни ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмонро нашр намуданд.
Дар паёми тасаллият Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиш дар кони ангишт боиси андӯҳи ӯ гардид.
Дар идома ӯ ба пайвандони қурбониёни ин ҳодисаи фоҷиабор сабри ҷамил ва ҳамчунин ба конканҳое, ки осеб диданд шифои ҳар чӣ зудтар таманно кард.
Ёдовар мешавем, ки бегоҳи 14 октябр дар кони ангишти музофоти Бартин садама сар зад, ки дар натиҷа 40 нафар ҷон бохтанд.
Вазорати умури дохилаи ин кишвар хабар дод, ки дар самани сар задани таркиш дар умқи 300 метр зери замин ҳудуди 115 нафар қарор доштанд, ки аксари онҳоро зинда аз он ҷо берун оварданд.
Эрдуғон дар робита ба ҳодисаи мудҳиш изҳор дошт, ки мақомоти марбута иллати сар задани ин ҳодисаи фоҷиаборро таҳқиқ мекунанд.