https://sputnik.tj/20221015/tedod-qurboniyon-fojia-kon-angisht-turkiya-afzud-1052152673.html
Теъдоди қурбониёни фоҷиа дар кони ангишти Туркия афзуд: Эрдуғон ба ҷойи ҳодиса рафт
Теъдоди қурбониёни фоҷиа дар кони ангишти Туркия афзуд: Эрдуғон ба ҷойи ҳодиса рафт
Sputnik Тоҷикистон
Дар замони сар задани садамаи маргбор дар умқи 300 метр зери замин ҳудуди 115 конкан қарор доштанд, ки аксари онҳоро зинда аз он ҷо берун карданд 15.10.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-10-15T14:11+0500
2022-10-15T14:11+0500
2022-10-15T14:11+0500
дар ҷаҳон
туркия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
кон
ангишт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1a/1032154101_0:77:3079:1808_1920x0_80_0_0_25e972dbf6c0a0019c0e95383d73a4e3.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Теъдоди қурбониёни садамаи маргбор дар кони ангишти музофоти Бартин дар Туркия афзоиш ёфт. Вазорати умури дохилаи ин кишвар хабар медиҳад, ки шумораи конканҳои қурбоншуда ба 40 нафар расид. Дар ҳоле, ки қаблан аз марги танҳо 28 нафар гузориш мешуд.Гуфта мешавад, дар замони рух додани ин фоҷиа дар умқи 300 метр зери замин ҳудуди 115 коргар қарор доштанд. Аксари онҳоро наҷотбахшон зинда берун оварданд.Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Турқия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ҷойи ҳодиса рафт. Ӯ гуфт , мақомотҳои марбута иллати сар задани садама дар кони мазкурро таҳқиқ доранд.Зимнан, аксар кишвардорон ба ҳамтои туркашон барқияи ҳамдардӣ ирсол намуданд.Фоҷиа дар Панҷакент: Ҳалокати чаҳор тан дар паи заҳролудшавӣ - ду тоашон бародар будандАз ҷумла, раисҷумҳури Русия низ бо ирсоли номаи ҳамдарӣ ба Эрдуғон дархост намудааст, ки ҳамдардии самимии ӯро ба хонаводаи қурбониёни ин ҳодисаи мудҳиш расонанд.Владимир Путин ба конканҳои ҷароҳатбардошта, орзуи зудтар шифо ёфтанро таманно кард.
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1a/1032154101_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_2ce99d985d220160353cba7dfe9a90cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, туркия, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, садама, кон, ангишт
дар ҷаҳон, туркия, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, садама, кон, ангишт
Теъдоди қурбониёни фоҷиа дар кони ангишти Туркия афзуд: Эрдуғон ба ҷойи ҳодиса рафт
Дар замони сар задани садамаи маргбор дар умқи 300 метр зери замин ҳудуди 115 конкан қарор доштанд, ки аксари онҳоро зинда аз он ҷо берун карданд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Теъдоди қурбониёни садамаи маргбор дар кони ангишти музофоти Бартин дар Туркия афзоиш ёфт.
Вазорати умури дохилаи ин кишвар хабар медиҳад, ки шумораи конканҳои қурбоншуда ба 40 нафар расид. Дар ҳоле, ки қаблан аз марги танҳо 28 нафар гузориш мешуд.
Гуфта мешавад, дар замони рух додани ин фоҷиа дар умқи 300 метр зери замин ҳудуди 115 коргар қарор доштанд. Аксари онҳоро наҷотбахшон зинда берун оварданд.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Турқия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ҷойи ҳодиса рафт. Ӯ гуфт , мақомотҳои марбута иллати сар задани садама дар кони мазкурро таҳқиқ доранд.
Зимнан, аксар кишвардорон ба ҳамтои туркашон барқияи ҳамдардӣ ирсол намуданд.
Аз ҷумла, раисҷумҳури Русия низ бо ирсоли номаи ҳамдарӣ ба Эрдуғон дархост намудааст, ки ҳамдардии самимии ӯро ба хонаводаи қурбониёни ин ҳодисаи мудҳиш расонанд.
Владимир Путин ба конканҳои ҷароҳатбардошта, орзуи зудтар шифо ёфтанро таманно кард.