https://sputnik.tj/20221015/mashvarat-tojikiston-qirghiziston-masala-marz-natija-1052151673.html
Машварати панҷ рӯзаи Тоҷикистону Қирғизистон сари масъалаи марз чӣ натиҷа дод?
Машварати панҷ рӯзаи Тоҷикистону Қирғизистон сари масъалаи марз чӣ натиҷа дод?
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон давоми панҷ рӯз дар шаҳри Душанбе масъалаи аломатгузорӣ кардани марзро баррасӣ карданд 15.10.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-10-15T13:10+0500
2022-10-15T13:10+0500
2022-10-15T13:10+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0f/1052151761_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_5e36aec3c39457fc8299992a7d283c9f.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи муайян кардани минтақаҳои баҳсии сарҳади ҷумҳуриҳоро муҳокима карданд.Мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо аз 10 то 15 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.Дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашр намудани акси муштараки ду ҷониб қайд намуд, ки дар ин тарафҳо оид ба гузариши хаттии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда мубодилаи афкор намуданд.Манбаъ ҷузъиёти бештар аз машварати панҷ рӯзаи намояндагони тоҷику қирғизро ифшо накардааст.Танҳо зикр намуд, ки машварати навбатӣ сари ин масъала дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки чанде қабл сарони кишварҳои Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз музокироти сеҷониба ба мувофиқа расиданд, ки мушкилотро танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал кунанд.Музокироти руасои се кишвар дар шаҳри Остона бо ташаббуси ҷониби Русия сурат гирифт.“Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои ба миёномада танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон дар бораи делиметатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, ҳал карда шаванд”, - иттилоъ дода буд дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20221014/putin-rahmon-zhaparov-dar-borai-chi-muvofiqa-kardaand-1052140495.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0f/1052151761_58:0:1058:750_1920x0_80_0_0_57c5584f29fdbe750f4ce0b7c31da8fc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон, марз, сиёсат
дар тоҷикистон, қирғизистон, марз, сиёсат
Машварати панҷ рӯзаи Тоҷикистону Қирғизистон сари масъалаи марз чӣ натиҷа дод?
Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон давоми панҷ рӯз дар шаҳри Душанбе масъалаи аломатгузорӣ кардани марзро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи муайян кардани минтақаҳои баҳсии сарҳади ҷумҳуриҳоро муҳокима карданд.
Мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо аз 10 то 15 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашр намудани акси муштараки ду ҷониб қайд намуд, ки дар ин тарафҳо оид ба гузариши хаттии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда мубодилаи афкор намуданд.
Манбаъ ҷузъиёти бештар аз машварати панҷ рӯзаи намояндагони тоҷику қирғизро ифшо накардааст.
Танҳо зикр намуд, ки машварати навбатӣ сари ин масъала дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл сарони кишварҳои Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз музокироти сеҷониба ба мувофиқа расиданд, ки мушкилотро танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал кунанд.
Музокироти руасои се кишвар дар шаҳри Остона бо ташаббуси ҷониби Русия сурат гирифт.
“Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои ба миёномада танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон дар бораи делиметатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, ҳал карда шаванд”, - иттилоъ дода буд дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.