https://sputnik.tj/20221014/taghyirot-rohbariyat-idm-lededev-1052132231.html
Тағйирот дар роҳбарияти ИДМ: Путин боз номзадии Лебедевро пешниҳод кард
Тағйирот дар роҳбарияти ИДМ: Путин боз номзадии Лебедевро пешниҳод кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақоми роҳбарӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тағйири ном кард. Қарор дар ин бораро президентҳои созмон дар ҳайати маҳдуд қабул кардаанд
2022-10-14T14:40+0500
2022-10-14T14:40+0500
2022-10-14T14:40+0500
владимир путин
раисҷумҳур
идм
таъйин
дабири иҷроияи идм
сергей лебедев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/39/1028613920_0:95:3049:1810_1920x0_80_0_0_563ec6b0903a23efdddf2ca180d1713b.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Вазифаи котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тағйири ном карда, дабири кулли ИДМ унвон гирифт. Дар ин бора раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко зимни нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар Остона хабар дода, шӯхиомез аз ҳамтои қазоқаш, Қосим-Ҷомарт Тоқаев суол кард, ки чаро дар бораи дабири кул ном гирифтани мақоми роҳбарӣ дар иттиҳод хабар надод. Тоқаев дар таъйиди ин қарор гуфт, минбаъд Сергей Лебедев на котиби иҷроия, балки дабири кулли ИДМ мебошад. Маврид ба зикр аст, ки дар ин нишаст раисҷумҳури Русия, Владимир Путин пешниҳод кард, ки Сергей Лебедев дигарбора ба мақоми дабири ИДМ таъйин карда шавад. Қарори бозтаъйини Лебедевро сарони кишварҳои узви ИДМ ҷонибдорӣ намуданд.Дар нишаст дар ҳайати маҳдуд раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Русия Владимир Путин, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президенти Беларус Александр Лукашенко, Қазоқистон - Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қирғизистон - Содир Ҷабборов, Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов, Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев ва президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев иштирок доранд.Маврид ба зикр аст, ки Лебедеви 74-сола, собиқ сардори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия, моҳи октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе ба мақоми дабири иҷроияи ИДМ таъйин шуда буд.
https://sputnik.tj/20221014/guzarish-puli-milli-hujjatho-nav-putin-idm-1052129392.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/39/1028613920_58:0:2787:2047_1920x0_80_0_0_21bc052cb8ff64c436f2bebb0987ec0b.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйирот, роҳбарият, идм
Тағйирот дар роҳбарияти ИДМ: Путин боз номзадии Лебедевро пешниҳод кард
Мақоми роҳбарӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тағйири ном кард. Қарор дар ин бораро президентҳои созмон дар ҳайати маҳдуд қабул кардаанд
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Вазифаи котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тағйири ном карда, дабири кулли ИДМ унвон гирифт.
Дар ин бора раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко зимни нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар Остона хабар дода, шӯхиомез аз ҳамтои қазоқаш, Қосим-Ҷомарт Тоқаев суол кард, ки чаро дар бораи дабири кул ном гирифтани мақоми роҳбарӣ дар иттиҳод хабар надод.
Тоқаев дар таъйиди ин қарор гуфт, минбаъд Сергей Лебедев на котиби иҷроия, балки дабири кулли ИДМ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин нишаст раисҷумҳури Русия, Владимир Путин пешниҳод кард, ки Сергей Лебедев дигарбора ба мақоми дабири ИДМ таъйин карда шавад. Қарори бозтаъйини Лебедевро сарони кишварҳои узви ИДМ ҷонибдорӣ намуданд.
Дар нишаст дар ҳайати маҳдуд раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Русия Владимир Путин, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президенти Беларус Александр Лукашенко, Қазоқистон - Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қирғизистон - Содир Ҷабборов, Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов, Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев ва президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев иштирок доранд.
Маврид ба зикр аст, ки Лебедеви 74-сола, собиқ сардори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия, моҳи октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе ба мақоми дабири иҷроияи ИДМ таъйин шуда буд.