https://sputnik.tj/20221014/guzarish-puli-milli-hujjatho-nav-putin-idm-1052129392.html
Аз гузариш ба пули миллӣ ва ҳамгироии сиёсию иқтисодӣ: Путин ба сарони ИДМ чӣ гуфт?
Аз гузариш ба пули миллӣ ва ҳамгироии сиёсию иқтисодӣ: Путин ба сарони ИДМ чӣ гуфт?
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия ҳадафи сарони кишварҳои узви ИДМ-ро таъсиси як иттиҳодияи ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башарӣ арзёбӣ кард
2022-10-14T13:00+0500
2022-10-14T13:00+0500
2022-10-14T13:01+0500
дар русия
сиёсат
ҳамкорӣ
владимир путин
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052107073_0:211:3227:2027_1920x0_80_0_0_08375a845f11b411de97630ca0fe1f9b.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Сарони кишварҳои ИДМ як қатор санадҳои муҳимеро, ки ба таҳкими ҳамгироии кишварҳо дар бахшҳои мухталиф равона шудаанд, қабул хоҳанд кард.Ин нуктаро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар Остона баён дошт. Вай афзуд, ҳамаи асноди ҷадиди қабулгардида ба татбиқи консепсияи рушди ИДМ ва Стратегияи рушди иқтисодӣ то соли 2023 мувофиқат мекунад. Путин афзуд, ки дар ниҳояти кор ширкаткунандагон ҳадафи таъсиси як иттиҳодияи ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башариро дар заминаи ИДМ доранд. Вай аз ҷумла дастовардҳое дар бахши иқтисодиро ном бурд, ки табодули коло бо кишварҳои ИДМ ҳатто дар пасманзари таҳримҳо тавсеа ёфта, гардиши мол дар нимсолаи аввал 7% афзоиш ёфтааст.Илова бар ин, ба гуфтаи раҳбари Русия, барои гузаштан ба пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила талошҳои ҷиддие сурат мегиранд.Вай қайд кард, ки дар замони мавҷудияти Иттиҳод кишварҳо тавонистаанд дар баъзе соҳаҳо робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба роҳ монанд. Инчунин афзоиши таваҷҷӯҳи тарафайн ба ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиёти сабз, рақамикунонӣ, инноватсия ва оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ
https://sputnik.tj/20221014/amniyat-gumanitari-prezidentho-idm-ostona-1052125348.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052107073_169:253:2562:2048_1920x0_80_0_0_8b55e2c6b2c1e6c72bc5db22990894b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, раисҷумҳур, идм, ҳадаф
владимир путин, раисҷумҳур, идм, ҳадаф
Аз гузариш ба пули миллӣ ва ҳамгироии сиёсию иқтисодӣ: Путин ба сарони ИДМ чӣ гуфт?
13:00 14.10.2022 (Навсозишуда: 13:01 14.10.2022) Раисҷумҳури Русия ҳадафи сарони кишварҳои узви ИДМ-ро таъсиси як иттиҳодияи ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башарӣ арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Сарони кишварҳои ИДМ як қатор санадҳои муҳимеро, ки ба таҳкими ҳамгироии кишварҳо дар бахшҳои мухталиф равона шудаанд, қабул хоҳанд кард.
Ин нуктаро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар Остона баён дошт.
Вай афзуд, ҳамаи асноди ҷадиди қабулгардида ба татбиқи консепсияи рушди ИДМ ва Стратегияи рушди иқтисодӣ то соли 2023 мувофиқат мекунад.
Путин афзуд, ки дар ниҳояти кор ширкаткунандагон ҳадафи таъсиси як иттиҳодияи ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башариро дар заминаи ИДМ доранд.
Вай аз ҷумла дастовардҳое дар бахши иқтисодиро ном бурд, ки табодули коло бо кишварҳои ИДМ ҳатто дар пасманзари таҳримҳо тавсеа ёфта, гардиши мол дар нимсолаи аввал 7% афзоиш ёфтааст.
"Табодули иқтисодии мо бо кишварҳои ИДМ дар вақтҳои охир пайваста тавсеа меёбад. Соли гузашта додугирифти Русия бо кишварҳои муштаракулманофеъ беш аз 30% ва дар нимаи аввали соли ҷорӣ 7% афзоиш ёфтааст", - изҳор дошт ӯ.
Илова бар ин, ба гуфтаи раҳбари Русия, барои гузаштан ба пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила талошҳои ҷиддие сурат мегиранд.
Вай қайд кард, ки дар замони мавҷудияти Иттиҳод кишварҳо тавонистаанд дар баъзе соҳаҳо робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба роҳ монанд. Инчунин афзоиши таваҷҷӯҳи тарафайн ба ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиёти сабз, рақамикунонӣ, инноватсия ва оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ