Рубл дар Тоҷикистон боло рафт

© Sputnik / Александр Демьянчук / Гузариш ба медиабонкРубли и доллары
Рубли и доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Обуна шудан
Қурби рубли русӣ, ки сар аз оғози ҳафта дар Тоҷикистон коҳиш меёфт, ҳамакнун боз майли болоравӣ дорад, аммо вазъи доллар бета-йир мондааст
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 158,5 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 157,9 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори аврупоӣ низ дап пайи коҳишёбӣ, каме ҳам бошад рӯ ба афзоиш дорад. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 9.9533 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 9.9165 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ бошад, бетағйир мондааст. Ҳоло дар кишвар бар ивази ҳар доллар 10.2190 сомонӣ медиҳанд.
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Дахли Суғд аз харҷаш зиёд: Пул куҷо равона шуд?
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 155 сомонӣ ва зимни фурӯш 163 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 157 ва дар фурӯш 161 сомонӣ муайян намудааст. Дар "Алифбонк" бошад, 1000 рублро 158,5 ва 162,5 сомонӣ харидуфурӯш мекунад.
Дар "Спитаменбонк" низ, 1000 рубл зимни харид 158,5 ва ҳангоми фурӯш 161 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0