Раҳмон аз хатари асосӣ ба Тоҷикистон гуфт

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳур дар бораи хатарҳое, ки ба кишвар таҳдид мекунанд, суханронӣ намуда, инчунин тадбирҳоеро барои пешгирии он пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти сарони "Русия - Осиёи Марказӣ" аз таҳдидҳои аслӣ ба ин кишвар ном бурд.
Ҳамин тавр, сарвари давлат ба вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дахл карда гуфт, ки ҳолат дар тамоми хатти марз печидатар шудааст.
Вай ҳамчунин аз ҷамъ шудани ҷангҷӯён дар сарҳад бо Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.
Раҳмон таъкид кард, ки ҳоло гардиши маводи мухаддир ва силоҳ дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.

"Дар наздикии марзҳои Тоҷикистон заминаҳое барои густариши идеологияи ифротгароии тундгароёна бунёд мешавад",- гуфт Эмомаль Раҳмон

Илова бар ин, ӯ бар зарурати ҳамкориҳои хадамоти вижаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия барои муайян кардани долонҳои ҷалби ҷангҷӯён изҳори назар кард.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Масъалаҳои Афғонистон ва таҳдидҳои амниятӣ: изҳороти Раҳмон дар Остона
"Мо тарафдори таҳкими ҳамоҳангсозии хадамоти вижаи худ ва мақомоти салоҳиятдор ҳастем, то механизмҳои нави муборизаи муштарак бо ин хатарҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсус ва мақомоти салоҳиятдор дар минтақа таҳким дода шавад", - хулоса кард раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, 14 октябр дар Остона нахустин нишасти сарони кишварҳои хориҷӣ дар формати "Русия - Осиёи Марказӣ" баргузор мешавад.
Он бо ташаббуси Маскав дар ҷашни 30-солагии барқарор гардидани муносибатхои дипломатии байни Русия ва ҳамаи панҷ давлати минтақа барпо гардид.
Лентаи хабарҳо
0