https://sputnik.tj/20221013/afghoniston-tahdid-amniyat-izhorot-rahmon-1052098349.html
Масъалаҳои Афғонистон ва таҳдидҳои амниятӣ: изҳороти Раҳмон дар Остона
Масъалаҳои Афғонистон ва таҳдидҳои амниятӣ: изҳороти Раҳмон дар Остона
Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти нав дар бораи рафъи таҳдидоти минтақавӣ аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Остона садо дод
2022-10-13T12:53+0500
2022-10-13T12:53+0500
2022-10-13T12:53+0500
эмомалӣ раҳмон
афғонистон
амният ва мудофиа
таҳдид
сиёсат
дар тоҷикистон
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051099899_0:139:2889:1764_1920x0_80_0_0_9295e36fee122362c887a89d9a3223d1.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хостори афзоиши талошҳо дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти минтақа шуд. Вай дар ин бора дар нишасти сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) изҳор дошт.Ба гуфтаи ӯ, ҳамоҳангии кишварҳои узви МҲТБО низ метавонад ба истиқрори сулҳ дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистони ҳамсоя мусоидат кунад. Раҳмон зарурати таҳкими иқдомот барои ҳалли вазъ дар ин ҷумҳуриро зикр кард. "Ин метавонад барои истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар кумаки ҷиддӣ расонад", - гуфт ӯ. Илова бар ин, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба аҳамияти эъломияе, ки 3 сол қабл дар нишасти МҲТБО дар Душанбе пазируфта шуда буд, ёдовар шуда, афзуд, ки дар он мавқеъ ва дидгоҳҳои ин нишаст оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкориҳо дар Осиё, аз ҷумла масъалаи Афғонистон инъикос ёфтааст.Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Қазоқистон баргузор шуда, дар он кишварҳое ширкат мекунанд, ки ҳудуди 90 дарсади қаламрави Осиёро ишғол мекунанд ва тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон дар онҳо зиндагӣ доранд. Ҳоло дар ин нишаст 27 давлат, аз ҷумла Русия, Озарбойҷон, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Фаластин, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон ширкат доранд.
https://sputnik.tj/20221013/putin-hukumat-afghoniston-hal-mushkilot-terrorizm-1052096769.html
афғонистон
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051099899_158:0:2889:2048_1920x0_80_0_0_bad674716c8e4c2d9bc55540ab87180e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон таҳдид амният изҳорот раҳмон остона
афғонистон таҳдид амният изҳорот раҳмон остона
Масъалаҳои Афғонистон ва таҳдидҳои амниятӣ: изҳороти Раҳмон дар Остона
Изҳороти нав дар бораи рафъи таҳдидоти минтақавӣ аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Остона садо дод
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хостори афзоиши талошҳо дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти минтақа шуд.
Вай дар ин бора дар нишасти сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) изҳор дошт.
"Амнияти байналмилали ва минтақавиро ҳамчунон бо миқёси афзояндаи терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ, киберҷиноятҳо таҳдид мекунад. Зарурати афзоиши талошҳои муштарак дар мубориза бо ин чолишҳо ва таҳдидҳо лозим аст", — гуфт президенти Точикистон.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамоҳангии кишварҳои узви МҲТБО низ метавонад ба истиқрори сулҳ дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистони ҳамсоя мусоидат кунад.
Раҳмон зарурати таҳкими иқдомот барои ҳалли вазъ дар ин ҷумҳуриро зикр кард.
"Ин метавонад барои истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар кумаки ҷиддӣ расонад", - гуфт ӯ.
Илова бар ин, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба аҳамияти эъломияе, ки 3 сол қабл дар нишасти МҲТБО дар Душанбе пазируфта шуда буд, ёдовар шуда, афзуд, ки дар он мавқеъ ва дидгоҳҳои ин нишаст оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкориҳо дар Осиё, аз ҷумла масъалаи Афғонистон инъикос ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Қазоқистон баргузор шуда, дар он кишварҳое ширкат мекунанд, ки ҳудуди 90 дарсади қаламрави Осиёро ишғол мекунанд ва тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон дар онҳо зиндагӣ доранд.
Ҳоло дар ин нишаст 27 давлат, аз ҷумла Русия, Озарбойҷон, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Фаластин, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон ширкат доранд.