https://sputnik.tj/20221014/putin-hamkori-tolibho-marz-hushdor-1052134782.html
Путин ҳамкорӣ бо толибҳоро ба ҷилавгирӣ аз хатарҳо рабт дод
Путин ҳамкорӣ бо толибҳоро ба ҷилавгирӣ аз хатарҳо рабт дод
Sputnik Тоҷикистон
Толибҳо таҳти фишори хадамоти истихбороти хориҷӣ дар мавриди пайдо шудани пойгоҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон чашм мепӯшанд, гуфт раисҷумҳури Русия
2022-10-14T18:22+0500
2022-10-14T18:22+0500
2022-10-14T18:25+0500
дар русия
хатар
амният ва мудофиа
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044730967_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_9938cb3f90dabbd3109417c6bb320c72.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамкорӣ бо мақомдорони кунунии Афғонистонро таъкид карда, афзуд, ки ин раванд дар ҳамоҳангӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мегардад. Ӯ ин нуктаро зимни ҷаласаи сарони кишварҳо дар шеваи "Русия ва Осиёи Марказӣ" баён дошта, таъкид намуд, ки ин мавзуъ таҳлили амиқу ҳамоҳангӣ мехоҳад. Вай ҳамчунин аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон ҳушдор дод, ки толибҳо таҳти фишори хадамоти истихбороти хориҷӣ дар мавриди пайдо шудани пойгоҳҳои террористӣ дар шимоли кишвар чашм мепӯшанд. Путин зимни суҳбат дар бораи авзоъ дар Афғонистон гуфт, ки "дар марзҳои мо" як макони ташаннуҷ дар ҳоли ташаккул аст. Вай афзуд, дар ҳоле ки хадамоти истихборотии ғарбӣ гурӯҳҳои террористиро таъминот медиҳанд, аз ин рӯ Русия дар сатҳи зарурии тамос бо толибҳо нигоҳ медорад. "Дар сарҳадҳои ҷанубии мо дар ҳақиқат як макони ташаннуҷ дар ташаккул аст, ки дар пай фирорию хатарҳои террористӣ дорад. Дар зимн Ғарб, пеш аз ҳама хадамоти вижаи бритониёию амрикоӣ воҳидҳои зиддитолибро дастгирӣ доранду ба оташкушоӣ сӯи кишварҳои ҳаммарз равона мекунанд", - гуфт Путин. Вай тавзеҳ дод, ки бо дарки дараҷаи таҳдидҳо сатҳи зарурии тамос бо ҳукуматдорони феълиро дар Афғонистон нигоҳ медоранд. Раисҷумҳури Русия гуфт, кишварҳои ҳаммарз манфиатдоранд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон дубора сар назанад.
https://sputnik.tj/20221014/nishasti-matbuotii-putin-jambasti-ostona-video-1052140208.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044730967_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_ea66de320a0005f263e14c5b2bc6df11.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, ҳамкорӣ, толибҳо
владимир путин, ҳамкорӣ, толибҳо
Путин ҳамкорӣ бо толибҳоро ба ҷилавгирӣ аз хатарҳо рабт дод
18:22 14.10.2022 (Навсозишуда: 18:25 14.10.2022) Толибҳо таҳти фишори хадамоти истихбороти хориҷӣ дар мавриди пайдо шудани пойгоҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон чашм мепӯшанд, гуфт раисҷумҳури Русия
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамкорӣ бо мақомдорони кунунии Афғонистонро таъкид карда, афзуд, ки ин раванд дар ҳамоҳангӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мегардад.
Ӯ ин нуктаро зимни ҷаласаи сарони кишварҳо дар шеваи "Русия ва Осиёи Марказӣ" баён дошта, таъкид намуд, ки ин мавзуъ таҳлили амиқу ҳамоҳангӣ мехоҳад.
Вай ҳамчунин аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон ҳушдор дод, ки толибҳо таҳти фишори хадамоти истихбороти хориҷӣ дар мавриди пайдо шудани пойгоҳҳои террористӣ дар шимоли кишвар чашм мепӯшанд.
Путин зимни суҳбат дар бораи авзоъ дар Афғонистон гуфт, ки "дар марзҳои мо" як макони ташаннуҷ дар ҳоли ташаккул аст. Вай афзуд, дар ҳоле ки хадамоти истихборотии ғарбӣ гурӯҳҳои террористиро таъминот медиҳанд, аз ин рӯ Русия дар сатҳи зарурии тамос бо толибҳо нигоҳ медорад.
"Дар сарҳадҳои ҷанубии мо дар ҳақиқат як макони ташаннуҷ дар ташаккул аст, ки дар пай фирорию хатарҳои террористӣ дорад. Дар зимн Ғарб, пеш аз ҳама хадамоти вижаи бритониёию амрикоӣ воҳидҳои зиддитолибро дастгирӣ доранду ба оташкушоӣ сӯи кишварҳои ҳаммарз равона мекунанд", - гуфт Путин.
Вай тавзеҳ дод, ки бо дарки дараҷаи таҳдидҳо сатҳи зарурии тамос бо ҳукуматдорони феълиро дар Афғонистон нигоҳ медоранд.
Раисҷумҳури Русия гуфт, кишварҳои ҳаммарз манфиатдоранд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон дубора сар назанад.