https://sputnik.tj/20221014/nishasti-matbuotii-putin-jambasti-ostona-video-1052140208.html
Аз баҳси марзӣ то амалиёт дар Украина ва басиҷ: Путин ба суолҳо посух дод - видео
Аз баҳси марзӣ то амалиёт дар Украина ва басиҷ: Путин ба суолҳо посух дод - видео
Sputnik Тоҷикистон
Амнияти Осиёи Марказӣ, баҳси марзҳо, амалиёти вижаи низомӣ дар Украина, сафарбарсозии қисмӣ дар Русия аз мавзӯъҳо буданд, ки аз раисҷумҳури ФР пурсида шуданд
2022-10-14T17:50+0500
2022-10-14T17:50+0500
2023-02-08T19:45+0500
видео
владимир путин
украина
қирғизистон
остона
донбасс
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0e/1052136926_0:0:3135:1763_1920x0_80_0_0_e0d31f8ec21fe4ebf86bc5d0d24bd79a.jpg
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар пайи нишастҳои Остона нишасти хабарӣ анҷом дод. Сарвари давлат аз натоиҷи нишастҳои сарони давлатҳои ИДМ, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон ба суолҳои мухталифи хабарнигорон ҷавоб дод. Ӯ аз ҷумла изҳор дошт, ки масоили марбути Украина ҳам мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои ИДМ қарор дораду Маскав мавқеашро баён дошт. Зимни шарҳи мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт, бо вуҷуди печида будани муносибот нуқтаҳои тафоҳум пайдо карда шуданд. Вай гуфт, ҳарду ҷониб барои пайдо кардани ҳалли масъала санадҳои маҳфуз ва дидгоҳҳои худро ба Маскав пешниҳод хоҳанд кард. Путин гуфт, ки Раҳмон ва Ҷабборов дар бораи чӣ мувофиқа кардаандВай зикр намуд, дар Маскав баъзан харитаҳои бештару дақиқ дар мавриди сарҳади кишварҳои собиқ шӯравӣ ҷой доранд, ки ин санадҳо бардошта хоҳанд шуду барои ҳалли масъала истифода мегарданд. Дар зимн Путин таъкид намуд, ки Маскав даъвои миёнаравӣ дар масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон надорад, гарчанде чунин дархост шуда буд. Аз Путин ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳо дар бахшҳои дигар дар Осиёи Марказӣ, амалиёти вижаи низомӣ дар Украина, музокирот бо Киев, сафарбарсозии қисмӣ дар Русия ва мавзуъҳои дигар пурсида шуданд.
украина
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0e/1052136926_103:0:2834:2048_1920x0_80_0_0_53b8e8922260c757484d362eb4102928.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нишасти матбуотӣ, путин, украина
нишасти матбуотӣ, путин, украина
Аз баҳси марзӣ то амалиёт дар Украина ва басиҷ: Путин ба суолҳо посух дод - видео
17:50 14.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Амнияти Осиёи Марказӣ, баҳси марзҳо, амалиёти вижаи низомӣ дар Украина, сафарбарсозии қисмӣ дар Русия аз мавзӯъҳо буданд, ки аз раисҷумҳури ФР пурсида шуданд
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар пайи нишастҳои Остона нишасти хабарӣ анҷом дод. Сарвари давлат аз натоиҷи нишастҳои сарони давлатҳои ИДМ, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон ба суолҳои мухталифи хабарнигорон ҷавоб дод.
Ӯ аз ҷумла изҳор дошт, ки масоили марбути Украина ҳам мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои ИДМ қарор дораду Маскав мавқеашро баён дошт.
Зимни шарҳи мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт, бо вуҷуди печида будани муносибот нуқтаҳои тафоҳум пайдо карда шуданд. Вай гуфт, ҳарду ҷониб барои пайдо кардани ҳалли масъала санадҳои маҳфуз ва дидгоҳҳои худро ба Маскав пешниҳод хоҳанд кард.
Вай зикр намуд, дар Маскав баъзан харитаҳои бештару дақиқ дар мавриди сарҳади кишварҳои собиқ шӯравӣ ҷой доранд, ки ин санадҳо бардошта хоҳанд шуду барои ҳалли масъала истифода мегарданд.
Дар зимн Путин таъкид намуд, ки Маскав даъвои миёнаравӣ дар масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон надорад, гарчанде чунин дархост шуда буд.
Аз Путин ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳо дар бахшҳои дигар дар Осиёи Марказӣ, амалиёти вижаи низомӣ дар Украина, музокирот бо Киев, сафарбарсозии қисмӣ дар Русия ва мавзуъҳои дигар пурсида шуданд.