https://sputnik.tj/20221014/pechida-kreml-marz-tojikiston-qirghiziston-1052127053.html
Печида: Кремл дар бораи вазъи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Печида: Кремл дар бораи вазъи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Кремл вазъиятеро, ки дар масоили марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷой дорад, баҳогузорӣ карда, аз саҳми Маскав барои коҳиши таниш гуфт
2022-10-14T11:43+0500
2022-10-14T11:43+0500
2023-02-08T19:45+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
кремл
вазъ
дмитрий песков
қирғизистон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/05/1047377365_0:0:3007:1691_1920x0_80_0_0_d2b7889f39362080be4a7d1bdc6b2a63.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Сухангӯи раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Песков вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро "то ҳадде мураккаб" хонд. Ӯ ин нуктаро зимни суҳбат аз тариқи шабакаи телевизионии "Россия 1" баён дошт. Песков афзуд, ташаббускори мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 13 октябр дар Остона баргузор шуд, президенти ФР, Владимир Путин буд. Қаблан дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар мулоқоти сеҷониба дар Остона сарони давлатҳо оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ табодули афкор карданд.Манбаъ афзуд, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои марзии ҷойдошта танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон оид ба делиметатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, ҳал карда шаванд.Маврид ба зикр аст, ки таниши ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ аз ҳарду ҷониб барҷой гузошт. Бишкеку Душанбе ҳамдигарро дар шиддати вазъ муттаҳам мекунанд.
https://sputnik.tj/20221013/rahmonu-jabborov-putin-dasti-hamdigarro-nafirushrdan-video-1052119015.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/05/1047377365_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_42ab9b3a2751894357222b8404953842.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баҳо, кремл, вазъ, марз, тоҷикистон, қирғизистон
баҳо, кремл, вазъ, марз, тоҷикистон, қирғизистон
Печида: Кремл дар бораи вазъи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
11:43 14.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Намояндаи Кремл вазъиятеро, ки дар масоили марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷой дорад, баҳогузорӣ карда, аз саҳми Маскав барои коҳиши таниш гуфт
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Сухангӯи раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Песков вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро "то ҳадде мураккаб" хонд. Ӯ ин нуктаро зимни суҳбат аз тариқи шабакаи телевизионии "Россия 1" баён дошт.
Песков афзуд, ташаббускори мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 13 октябр дар Остона баргузор шуд, президенти ФР, Владимир Путин буд.
"Бале, он бо ташаббуси президент Путин сурат гирифт. Дар маҷмӯъ, вазъ то ҳадде печида аст ва албатта, зиёд нестанд, кишварҳое ба мисли Русия, ки метавонанд барои ҳалли вазъ ва коҳиши таниш мусоидат кунанд", - гуфт сухангӯи Кремл.
Қаблан дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар мулоқоти сеҷониба дар Остона сарони давлатҳо оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ табодули афкор карданд.
Манбаъ афзуд, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои марзии ҷойдошта танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон оид ба делиметатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, ҳал карда шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки таниши ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ аз ҳарду ҷониб барҷой гузошт. Бишкеку Душанбе ҳамдигарро дар шиддати вазъ муттаҳам мекунанд.