https://sputnik.tj/20221013/rahmonu-jabborov-putin-dasti-hamdigarro-nafirushrdan-video-1052119015.html
Раҳмону Ҷабборов пеш аз дидор бо Путин дасти ҳамдигарро нафишурданд – видео
Раҳмону Ҷабборов пеш аз дидор бо Путин дасти ҳамдигарро нафишурданд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Пеш аз оғози мулоқоти сеҷониба руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон дасти ҳамдигарро нафишурданд ва зуд ба курсиҳои худ нишастанд 13.10.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-10-13T21:34+0500
2022-10-13T21:34+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
музокирот
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
содир ҷабборов
қирғизистон
дастфишорӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052120228_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_d1a014492df32e849a00ef7175025f33.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кишвардори Содир Ҷабборов қабл аз мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин, дасти ҳамдигарро нафишурданд. Ин лаҳза дар видео сабт шудааст.Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна раҳбарони кишварҳо ва дипломатҳо дар сари мизи гирд ҷамъ меоянд. Путин, Ҷабборов, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва дигар мақомоти давлатӣ аллакай дар толор ҳузур доштанд.Навор аз лаҳзаи оғоз мешавад Эмомалӣ Раҳмон ба назди мез меояд. Раҳбари Тоҷикистон ба назди курсии худ меравад ва бо Владимир Путин салом мекунаду ба курсии худ мешинад.Ёдовар мешавем, ки руасои ҷумҳури се кишвар дар ҳошияи Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Остона гуфтугӯ карданд.Яке аз мавзуъҳои аслии музокироти се роҳбари кишвар авзоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мебошад.Путин қабл аз мулоқот гуфт, Тоҷикистон ва Қирғизистон шарикони наздики Русия ҳастанд."Мо дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ хеле ҳамкории зич дорем ва албатта шарикони стратегӣ ҳастем. Бояд гуфт, ки як миллион шаҳрванди Қирғизистон дар Русия зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд. Ва ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон низ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд", гуфт Владимир Путин.Ба гуфтаи оқои Путин, гардиши мол миёни давлатҳо афзоиш ёфтааст.Кисми дигари гуфтушунид бе иштироки намояндагони матбуот гузашт.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052120228_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_603bc5e5e51970393d8fc343b9609fae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, музокирот, владимир путин, эмомалӣ раҳмон, содир ҷабборов, қирғизистон, дастфишорӣ, дар русия
дар тоҷикистон, музокирот, владимир путин, эмомалӣ раҳмон, содир ҷабборов, қирғизистон, дастфишорӣ, дар русия
Раҳмону Ҷабборов пеш аз дидор бо Путин дасти ҳамдигарро нафишурданд – видео
21:34 13.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Пеш аз оғози мулоқоти сеҷониба руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон дасти ҳамдигарро нафишурданд ва зуд ба курсиҳои худ нишастанд
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кишвардори Содир Ҷабборов қабл аз мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин, дасти ҳамдигарро нафишурданд. Ин лаҳза дар видео сабт шудааст.
Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна раҳбарони кишварҳо ва дипломатҳо дар сари мизи гирд ҷамъ меоянд. Путин, Ҷабборов, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва дигар мақомоти давлатӣ аллакай дар толор ҳузур доштанд.
Навор аз лаҳзаи оғоз мешавад Эмомалӣ Раҳмон ба назди мез меояд. Раҳбари Тоҷикистон ба назди курсии худ меравад ва бо Владимир Путин салом мекунаду ба курсии худ мешинад.
Ёдовар мешавем, ки руасои ҷумҳури се кишвар дар ҳошияи Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Остона гуфтугӯ карданд.
Яке аз мавзуъҳои аслии музокироти се роҳбари кишвар авзоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мебошад.
Путин қабл аз мулоқот гуфт, Тоҷикистон ва Қирғизистон шарикони наздики Русия ҳастанд.
"Мо дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ хеле ҳамкории зич дорем ва албатта шарикони стратегӣ ҳастем. Бояд гуфт, ки як миллион шаҳрванди Қирғизистон дар Русия зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд. Ва ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон низ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд", гуфт Владимир Путин.
Ба гуфтаи оқои Путин, гардиши мол миёни давлатҳо афзоиш ёфтааст.
Кисми дигари гуфтушунид бе иштироки намояндагони матбуот гузашт.