https://sputnik.tj/20221014/hushdor-lukashenko-prezident-idm-1052128932.html
Ҳушдори Лукашенко ба президентҳои ИДМ: зидди ҳамаи мо ҷанг эълон шудааст
Ҳушдори Лукашенко ба президентҳои ИДМ: зидди ҳамаи мо ҷанг эълон шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Белорус аз омодасозии иқдоми моҷароҷӯёна дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳушдор дода, таъкид намуд, ки ҳама мавриди озмоиш қарор мегиранд
2022-10-14T13:30+0500
2022-10-14T13:30+0500
2022-10-14T13:30+0500
белорус
амният ва мудофиа
александр лукашенко
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0b/1052059688_0:318:3076:2048_1920x0_80_0_0_b92441f6eeefd8a1dd8e1e344cba0dad.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, ки кишварҳои узви ИДМ бояд ба иғвогариҳо дар тамоми ҳудуди созмон омода бошанд.Ӯ зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар Остона ҳушдор дод, ки "зидди ҳамаи мо ҷанги гибридӣ эълон шудаасту Украина дар ин ҷо баҳонае беш нест". Вай даъват намуд, ки ҳамтоёнаш ба моҷароҷӯиҳои мухталиф дар қаламравашон тайёр бошанд. Ин ҳушдори Лукашенко ба ҳамтоёнаш дар ҳолест, ки ӯ дар кишвараш низоми зиддитеррористӣ эълон кард. Мақомоти Белорус гуфтанд, маълумоте дастрас шуд, аз ҷониби баъзе давлатҳои ҳамсоя иқдоми моҷароҷӯёна тарҳрезӣ шудаанд.Лукашенко гуфта буд, ки "дар Лаҳистон, Литва, Украина омодасозии ҷангиёни белорустабор барои анҷоми диверсия, ҳамлаҳои террористӣ ва ташкили шӯриши низомӣ оғоз гардидаст".Бо дастури Лукашенко мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ бояд маҷмӯи чораҳоро оид ба назорати вазъи низомию сиёсӣ ва вокуниш ба таҳдидҳоро роҳандозӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20221014/razmoish-spad-qirghiziston-juziyoti-1052128477.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0b/1052059688_414:276:2777:2048_1920x0_80_0_0_9c852696bf9025e57587e59e8b5cb67b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лукашенко, ҷанг, гибридӣ, эълон
лукашенко, ҷанг, гибридӣ, эълон
Ҳушдори Лукашенко ба президентҳои ИДМ: зидди ҳамаи мо ҷанг эълон шудааст
Раисҷумҳури Белорус аз омодасозии иқдоми моҷароҷӯёна дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳушдор дода, таъкид намуд, ки ҳама мавриди озмоиш қарор мегиранд
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, ки кишварҳои узви ИДМ бояд ба иғвогариҳо дар тамоми ҳудуди созмон омода бошанд.
Ӯ зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар Остона ҳушдор дод, ки "зидди ҳамаи мо ҷанги гибридӣ эълон шудаасту Украина дар ин ҷо баҳонае беш нест".
Вай даъват намуд, ки ҳамтоёнаш ба моҷароҷӯиҳои мухталиф дар қаламравашон тайёр бошанд.
"Ҳодисаҳои ахири Қазоқистон ва Ӯзбекистон мисолҳои қотеъ ва хеле ибратбахшанд. Аммо ин танҳо оғоз аст. Тавонмандиҳои ҳама озмуда хоҳанд шуд", - гуфт Лукашенко.
Ин ҳушдори Лукашенко ба ҳамтоёнаш дар ҳолест, ки ӯ дар кишвараш низоми зиддитеррористӣ эълон кард. Мақомоти Белорус гуфтанд, маълумоте дастрас шуд, аз ҷониби баъзе давлатҳои ҳамсоя иқдоми моҷароҷӯёна тарҳрезӣ шудаанд.
Лукашенко гуфта буд, ки "дар Лаҳистон, Литва, Украина омодасозии ҷангиёни белорустабор барои анҷоми диверсия, ҳамлаҳои террористӣ ва ташкили шӯриши низомӣ оғоз гардидаст".
Бо дастури Лукашенко мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ бояд маҷмӯи чораҳоро оид ба назорати вазъи низомию сиёсӣ ва вокуниш ба таҳдидҳоро роҳандозӣ кунанд.