https://sputnik.tj/20221014/razmoish-spad-qirghiziston-juziyoti-1052128477.html
Оё размоиши СПАД дар Қирғизистон баргузор мешаванд? Ҷузъиёти нав
Оё размоиши СПАД дар Қирғизистон баргузор мешаванд? Ҷузъиёти нав
Sputnik Тоҷикистон
Размоиши "Бародарии абадӣ"-и СПАД, ки мебоист моҳи октябр дар Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор мешуд, ба таърихи дертар мавқуф гузошта шуд.
2022-10-14T12:31+0500
2022-10-14T12:31+0500
2022-10-14T12:31+0500
спад
размоиш
амният ва мудофиа
қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102049/40/1020494065_0:158:3077:1889_1920x0_80_0_0_a1e76732f8424108ab6a1136e939286b.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Бояд тамринҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Қирғизистон баргузор шаванд, аммо то кунун ин чорабиниҳо ба муҳлати дертар гузошта шудаанд. Дар ин бора дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов хабар дод. "Мо танҳо онҳоро ба мӯҳлати дертар мавқуф гузоштем. Тайёрӣ ба онҳо 99% анҷом ёфт", - гуфт ӯ. Имонқулов афзуд, мавқуф гузоштани тамринҳо маънои онро надорад, ки ҷумҳурӣ дар равобит бо СПАД мушкиле дорад. Ин созмон "бар зидди таҳдидҳои террористӣ кафолат медиҳад".Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон афзуд, раҳбарияти СПАД аз тасмими ба таъхир андохтани тамринҳои моҳи октябр дар Иссиқкӯл бо дарк бархӯрд кард. Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати дифои Қирғизистон тамринҳои низомиеро, ки мебоист дар ин кишвар дар тамрингоҳи “Эделвейс” баргузор мешуд, лағв карда, сабабашро шарҳ надода буд. Баъдан Эдил Байсалов, муовини нахуствазир гуфт, ки ин ба муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бастагӣ дорад. Ба гуфтаи ин масъул, афкори умум аз ин тамрин, ки дар баробари тоҷикон низомиёни Қирғизистон низ бояд дар он ширкат кунанд, истиқбол намекард.
https://sputnik.tj/20220910/zas-spad-amniyat-azo-1051307922.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102049/40/1020494065_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_1d45cc1871b3793b95af2c286be39ee5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
размоиш спад қирғизистон
Оё размоиши СПАД дар Қирғизистон баргузор мешаванд? Ҷузъиёти нав
Размоиши "Бародарии абадӣ"-и СПАД, ки мебоист моҳи октябр дар Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор мешуд, ба таърихи дертар мавқуф гузошта шуд.
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Бояд тамринҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Қирғизистон баргузор шаванд, аммо то кунун ин чорабиниҳо ба муҳлати дертар гузошта шудаанд.
Дар ин бора дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов хабар дод.
"Мо танҳо онҳоро ба мӯҳлати дертар мавқуф гузоштем. Тайёрӣ ба онҳо 99% анҷом ёфт", - гуфт ӯ.
Имонқулов афзуд, мавқуф гузоштани тамринҳо маънои онро надорад, ки ҷумҳурӣ дар равобит бо СПАД мушкиле дорад. Ин созмон "бар зидди таҳдидҳои террористӣ кафолат медиҳад".
"Узвият дар ин созмон ба нафъи амнияти миллии Қирғизистон аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз нерӯҳо моро ба муқобили аъзои СПАД тела доданӣ мешаванд. Муваффақ намешаванд. Мо ҳеҷ ихтилофе надорем", - таъкид кард ӯ.
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон афзуд, раҳбарияти СПАД аз тасмими ба таъхир андохтани тамринҳои моҳи октябр дар Иссиқкӯл бо дарк бархӯрд кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати дифои Қирғизистон тамринҳои низомиеро, ки мебоист дар ин кишвар дар тамрингоҳи “Эделвейс” баргузор мешуд, лағв карда, сабабашро шарҳ надода буд.
Баъдан Эдил Байсалов, муовини нахуствазир гуфт, ки ин ба муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бастагӣ дорад.
Ба гуфтаи ин масъул, афкори умум аз ин тамрин, ки дар баробари тоҷикон низомиёни Қирғизистон низ бояд дар он ширкат кунанд, истиқбол намекард.