https://sputnik.tj/20221013/toqaev-davat-nishast-mhtbo-nafimoli-tabdil-1052096170.html
Тоқаев даъват кард, ки нишасти МҲТБО ба нафъи молии ҳама табдил ёбад
Тоқаев даъват кард, ки нишасти МҲТБО ба нафъи молии ҳама табдил ёбад
Sputnik Тоҷикистон
Ба шарофати иқтидори марказҳои бузурги молиявӣ, ки дар минтақаи МҲТБО фаъолият мекунанд, вазифаҳои ба миён гузоштаи саммитро ҳал кардан мумкин аст
2022-10-13T11:04+0500
2022-10-13T11:04+0500
2022-10-13T11:04+0500
қосим -жомарт тоқаев
қазоқистон
сиёсат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052096012_0:369:2985:2048_1920x0_80_0_0_e0fb40647b8773e00277791972652559.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Ҳамоиши молиявии МҲТБО бояд як платформаи доимӣ гардад. Ин пешниҳодро Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Остона баён дошт. Ҳамоиши шашуми МҲТБО рӯзи 13 октябр дар пойтахти Қазоқистон ба кори худ шурӯъ кард, ки дар он сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узв ширкат доранд.Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Қазоқистон, чунин тағйирот ба нишасти молӣ барои барқарор ва рушди иқтисоди кишварҳои ширкаткунанда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамкориҳои молии минтақавӣ ва зерминтақавӣ дар чаҳорчӯби ин нишаст мусоидат мекунад. "Марказҳои бузурги молиявӣ дар фазои МҲТБО, дар Шанхай, Дубай ва инҷо дар Остона бомуваффақият фаъолият мекунанд. Иқтидори онҳо метавонад барои ҳалли вазифаҳои зикршуда пурра истифода шавад", - қайд кард роҳбари Қазоқистон. Тоқаев ҳамчунин таъкид кард, ки Қазоқистон ба ҳайси раиси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) нақша дорад, ки барои рушди он ҳама корҳоро анҷом диҳад.
https://sputnik.tj/20221013/davat-toqaev-kishvarho-osiyo-mukolama-oshkoro-1052095303.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052096012_98:0:2829:2048_1920x0_80_0_0_5f32741418eeb12a0fa7a3717625879d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоқаев нишасти мҳтбо нафъ иқтисод
тоқаев нишасти мҳтбо нафъ иқтисод
Тоқаев даъват кард, ки нишасти МҲТБО ба нафъи молии ҳама табдил ёбад
Ба шарофати иқтидори марказҳои бузурги молиявӣ, ки дар минтақаи МҲТБО фаъолият мекунанд, вазифаҳои ба миён гузоштаи саммитро ҳал кардан мумкин аст
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Ҳамоиши молиявии МҲТБО бояд як платформаи доимӣ гардад.
Ин пешниҳодро Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Остона баён дошт.
Ҳамоиши шашуми МҲТБО рӯзи 13 октябр дар пойтахти Қазоқистон ба кори худ шурӯъ кард, ки дар он сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узв ширкат доранд.
"Пешниҳод мекунам, ки нишасти молии МҲТБО ба як платформаи доимӣ табдил дода шавад. Ҳамоиши молӣ бо ибтикори Чин ба манзури фаъолсозии ҳамкориҳои кишварҳои узви МҲТБО дар арсаи молия сурат гирифтааст", — гуфт Тоқаев.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Қазоқистон, чунин тағйирот ба нишасти молӣ барои барқарор ва рушди иқтисоди кишварҳои ширкаткунанда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамкориҳои молии минтақавӣ ва зерминтақавӣ дар чаҳорчӯби ин нишаст мусоидат мекунад.
"Марказҳои бузурги молиявӣ дар фазои МҲТБО, дар Шанхай, Дубай ва инҷо дар Остона бомуваффақият фаъолият мекунанд. Иқтидори онҳо метавонад барои ҳалли вазифаҳои зикршуда пурра истифода шавад", - қайд кард роҳбари Қазоқистон.
Тоқаев ҳамчунин таъкид кард, ки Қазоқистон ба ҳайси раиси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) нақша дорад, ки барои рушди он ҳама корҳоро анҷом диҳад.