https://sputnik.tj/20221013/davat-toqaev-kishvarho-osiyo-mukolama-oshkoro-1052095303.html
Даъвати Тоқаев аз кишварҳои Осиё барои муколамаи ошкоро
Даъвати Тоқаев аз кишварҳои Осиё барои муколамаи ошкоро
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Қазоқистон мегӯяд, ки Осиё дар рушди тамаддуни башар саҳми бузург гузошта, ба нерӯи пешбарандаи фарҳангу техникӣ табдил ёфтааст
2022-10-13T10:34+0500
2022-10-13T10:34+0500
2022-10-13T10:34+0500
қосим -жомарт тоқаев
сиёсат
ом
остона
осиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051457723_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_cc8e6b749410d889141b3e01e60e6b67.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев иштирокчиёни нишасти шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба муколама барои ноил шудан ба суботи Осиё дар муносибатҳои байналмилалӣ даъват кард. Вай таъкид кард, ки ҳоло вазифаи махсусан муҳиме, ки дар назди сарони давлатҳо истодааст, расидан ба субот дар муносибатҳои байналмилалӣ дар баробари таҳдидҳои бесобиқаи ба вуҷуд омадаистода мебошад. Ба андешаи ӯ, пеш аз ҳама саъю кушиш бояд ба ташаккули барномаи нави сулҳ равона карда шавад, то ки аҳамияти қитъаи Осиё дар низоми ҷаҳонии муносибатҳои байналхалқӣ мустаҳкам карда шавад. Тоқаев таъкид кард, ки Осиё дар рушди тамаддуни башар саҳми бузург гузошта, ба нерӯи пешбарандаи пешрафти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва техникӣ табдил ёфтааст. "Ин таҷрибаи азими таърихӣ метавонад заминаи мустаҳкаме барои бунёди низоми нави устувор ва фарогир дар асоси принсипҳои баробарии соҳибихтиёр, ҳамзистии осоишта ва адолат гардад", - афзуд раиси ҷумҳури Қазоқистон. Қаблан сарвари Қазоқистон бо як қатор ташаббусҳо ҷиҳати табдил додани Саммити молиявии МҲТБО ба як платформаи доимӣ, инчунин баргузории форум оид ба масъалаҳои экологӣ дар Остона ва ҳамоиши раҳбарони ҷунбиши волонтёрони кишварҳои узви он дар соли 2024 баромад карда буд.МҲТБО як форуми байнидавлатӣ буда, бо ташаббуси Қазоқистон соли 1992 таъсис ёфта, фаъолияти он ба фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи тадбирҳо дар соҳаи таъмини амният дар Осиё нигаронида шудааст. Ҳоло дар ин форум 28 нафар ширкат доранд, ки тақрибан 90% ҳудуди ва аҳолии Осиёро фаро мегиранд. Як қатор давлатҳо ва панҷ созмони байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, мақоми нозир доранд.
https://sputnik.tj/20221013/rahmon-vorid-poytakht-qazoqiston-1052093909.html
ом
остона
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051457723_67:0:1191:843_1920x0_80_0_0_e22fe459d6fe623b46bbc4eb55d37ac6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват тоқаев кишварҳо осиё муколама ошкор
даъват тоқаев кишварҳо осиё муколама ошкор
Даъвати Тоқаев аз кишварҳои Осиё барои муколамаи ошкоро
Президенти Қазоқистон мегӯяд, ки Осиё дар рушди тамаддуни башар саҳми бузург гузошта, ба нерӯи пешбарандаи фарҳангу техникӣ табдил ёфтааст
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев иштирокчиёни нишасти шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба муколама барои ноил шудан ба суботи Осиё дар муносибатҳои байналмилалӣ даъват кард.
Вай таъкид кард, ки ҳоло вазифаи махсусан муҳиме, ки дар назди сарони давлатҳо истодааст, расидан ба субот дар муносибатҳои байналмилалӣ дар баробари таҳдидҳои бесобиқаи ба вуҷуд омадаистода мебошад.
"Ба механизмҳои бисёрҷониба такони нав додан ва бозгашт ба муколамаи ошкоро муҳим аст", - гуфт Тоқаев дар ҷараёни нишасти бо ҳузури 11 президент.
Ба андешаи ӯ, пеш аз ҳама саъю кушиш бояд ба ташаккули барномаи нави сулҳ равона карда шавад, то ки аҳамияти қитъаи Осиё дар низоми ҷаҳонии муносибатҳои байналхалқӣ мустаҳкам карда шавад.
Тоқаев таъкид кард, ки Осиё дар рушди тамаддуни башар саҳми бузург гузошта, ба нерӯи пешбарандаи пешрафти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва техникӣ табдил ёфтааст.
"Ин таҷрибаи азими таърихӣ метавонад заминаи мустаҳкаме барои бунёди низоми нави устувор ва фарогир дар асоси принсипҳои баробарии соҳибихтиёр, ҳамзистии осоишта ва адолат гардад", - афзуд раиси ҷумҳури Қазоқистон.
Қаблан сарвари Қазоқистон бо як қатор ташаббусҳо ҷиҳати табдил додани Саммити молиявии МҲТБО ба як платформаи доимӣ, инчунин баргузории форум оид ба масъалаҳои экологӣ дар Остона ва ҳамоиши раҳбарони ҷунбиши волонтёрони кишварҳои узви он дар соли 2024 баромад карда буд.
МҲТБО як форуми байнидавлатӣ буда, бо ташаббуси Қазоқистон соли 1992 таъсис ёфта, фаъолияти он ба фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи тадбирҳо дар соҳаи таъмини амният дар Осиё нигаронида шудааст.
Ҳоло дар ин форум 28 нафар ширкат доранд, ки тақрибан 90% ҳудуди ва аҳолии Осиёро фаро мегиранд. Як қатор давлатҳо ва панҷ созмони байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, мақоми нозир доранд.