Тоҷикистон ният дорад ба АМА меваю сабзавот ва чорво содир кунад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМулоқот бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл Мазрӯӣ
Мулоқот бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл Мазрӯӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Обуна шудан
Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ ба хусус дар масъалаи ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Аморотро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл Мазрӯӣ масоили ҳамкории ду кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, мулоқоти мазкур дар ҳошияи Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ҷонибдору ҳавасманди тақвият ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Амороти Муттаҳидаи Араб мебошад.
Иттилоъ дода шудааст, ки ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ табодули андеша карда, аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ байни ду кишвар, инчунин ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и премьер-министр Пакистана Шахбаз Шариф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Раҳмон Шаҳбоз Шарифро ба Тоҷикистон даъват кард
“Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори энеретика, ифтитоҳи корхонаҳои муштарак дар бахшҳои саноати кӯҳии Тоҷикистон, коркарди пахта ва махсулоти ниҳоӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, сармоягузории лоиҳаҳои барои ҷонибҳо судовар ва ҳамкории ниҳодҳои молиявию бонкӣ, табодули андеша карданд”, - хабар додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ин мулоқот таҳкими ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ ба хусус дар масъалаи ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Аморот, аз ҷумла меваи тару тоза, меваҳои хушк, сабзавот, асал ва чорвои зиндаю маҳсулоти гӯштӣ, зарур дониста шуд.
Инчунин ҷонибҳо дар бораи зиёд намудани хатсайрҳои ҳавоӣ ва пайваст намудани пойтахтҳо тавассути роҳандозии парвозҳои мустақим байни Абу Забӣ ва Душанбе зарур шумурданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0